Фаъолнокии милитсияи Ашт дар амалиёти «Кӯкнор-2016»
Душанбе, 3.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави мамлакат амалиёти «Кӯкнор» гузаронида мешавад ва ҳоло он дар қаламрави кишвар идома дорад. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар доираи амалиёти «Кӯкнор-2016» дар баробари мусодираи воситаҳои нашъадор ҳамзамон бо ҷалби дружиначиёни ихтиёрӣ, кормандони ғайриштатии милитсия ва донишҷӯёну хонадагони мактабҳои миёна мавзеъҳои паҳншавии бангдонаҳои худрӯйро тоза менамоянд.
Кормандони ШВКД дар ноҳияи Ашт баҳри таъмин намудани талаботи амалиёти «Кӯкнор-2016» бо истифода аз қувваҳои ёрирасони худ, дружиначиёни ихтиёрӣ, хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва аҳли ҷамоат ниҳолҳои худрӯйи бангдонаро дар ҳудуди ҷамоатҳо ва шаҳраку деҳоти ноҳияи Ашт ҷамъоварӣ намуда, барои нобуд кардани растаниҳои дорои маводи нашъадор саҳм гузоштаанд.
Бино ба иттилои муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Ашт, майори милитсия Абдумаҷид Ҷалилов то ба имрӯз, 3 июн кормандони милитсияи ноҳия якчанд ҳолати нашъунамои бангдонаҳои худруйро ошкор намуда, 77 ҳазор бех бангдонаи худрӯйро, ки вазни умумиашон 505 кг мебошад, мусодира намудаанд.
Рӯзҳои охир фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Ашт дар ин самт боз ҳам ҷоннок карда шуда, мавзеъҳое, ки дар он бангдонаи худрӯй мерӯяд, тоза карда мешаванд.
Тадбирҳои амалишуда барои пешгирии паҳншавии растаниҳои худрӯйи нашъадор роҳандозӣ гардида, то охирҳои моҳи ноябр давом хоҳанд кард.








«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид






