Фаррух Амонатов аз грандҳои шоҳмоти АвруОсиё пеш гузашт
Душанбе, 20.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё бо ширкати беш аз 100 шоҳмотбози номӣ багузор гардид, ки дар он Фаррух Амонатов, шоҳмотбози шӯҳратёри тоҷик ғолиб омада, соҳиби 30000 доллари амрикоӣ гардид.
Силсилаи рақобатҳо, ки аз рӯи низоми швейтсарӣ сурат гирифт, барои грандҳои шоҳмоти АвруОсиё фоҷиабор омад. Дар 22 давр сараввал Шаҳриёр Мамадёров аз Озарбойҷон пешсафиро ихтиёр кард, аммо ду бохти ӯ дар даврҳои минбаъда Баҳодур Ҷабаваро ба сафи пеш баровард. Рақобати ин шоҳмотбоз бо Ян Непомняший мусовӣ ҷамъбаст шуд ва он ба Фаррух Амонатов имкон дод, ки баъди ғалабаи сазовораш бар Шаҳриёр Мамадёров шумораи имтиёзҳояшро бо Ян Непомняший баробар намояд. Аз сабаби он ки ғалабаи Фаррух Амонатов бештар аз Ян Непомняший буд, ӯро ғолиби мусобиқа эълон карданд. Фаррух ҳамагӣ ду вохӯриро мусовӣ анҷом дода, дар 20 бозӣ ғолиб омад.
Дар соли равон ин дувумин пирӯзии шатранҷбози тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ мебошад. Қаблан Фаррух Амонатов дар шаҳри Тошканд ба мақоми аввал даст ёфта буд.
Фаррух Амонатов зодаи шаҳри Душанбе буда, 13 апрели соли 1978 ба дунё омадаст. Аз шашсолагӣ меҳри шоҳмот ба дилаш ҷой гирифт ва пайваста ба он машғул шуд. Мактаби миёнаи рақами 20-и шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи техникии мухобирот ва иттилооти шаҳри Маскавро хатм кард. Дар 7 олимпиада шарафи Тоҷикистонро ҳимоя кардааст.
Ӯ ягона гроссмейстери байналмилалӣ аз Тоҷикистон мебошад. Фаррух Амонатов дар шаҳри Санкт-Петербург зиндагӣ мекунад ва ба қатори мураббиёни дастаи мунтахаби Русия оид ба шоҳмот шомил аст.








Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд






