Фестивал-озмуни «Тараннуми Истиқлол» ҷамъбаст гардид
Душанбе, 3.06.2016 /АМИТ Ховар/. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни фархундаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои вусъати неруи эҷодӣ, дарёфти чеҳраҳои нав — овозхонҳо, навозандагон, раққосон, ташвиқу тарғиби ҳунару истеъдодҳои асил ва мусоидат ба ривоҷу равнақи истеъдодҳои ҷавон дар ҷумҳурӣ даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Тараннуми Истиқлол» баргузор шуд.
Тавре ки аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар барномаи консертии ниҳоӣ, ки 1 июн дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев баргузор шуд, аз гӯшаҳои мухталифи ҷумҳурӣ ҳаваскорон иштирок карданд.
Тибқи Низомномаи Фестивал-озмун ба ғолибон туҳфаҳои муносиб тақдим гардиданд.
Дар номгӯи «Коллективи беҳтарин» ҷои 1-ум ба гурӯҳи ҳунарпешагони Кохи фарҳанги шаҳри Ваҳдат, ҷои 2-юм ба гурӯҳи рақсии Кохи фарҳанги ноҳияи Лахш ва ҷои 3-юм ба гурӯҳи мутрибони Кохи фарҳанги ноҳияи Дарвоз сазовор дониста шуда, онҳо ба гирифтани Диплому мукофотҳои пулии Вазорати фарҳанг ба миқдори 4 ҳазор, 3 ҳазор ва 2 ҳазор сомонӣ сазовор гардиданд.
Дар номгӯи «Беҳтарин раққоса» Сумангул Ҳикматова аз ноҳияи Нуробод ва Мафтуна Оқилова аз ноҳияи Ҷ. Расулов ғолиб дониста шуда, сазовори диплому туҳфа ба миқдори 1000 сомонӣ гардиданд.
Дар номгӯи «Беҳтарин навозанда» Сабринаи Мирзо аз шаҳри Роғун ва Ҳурият Ҳасанова аз шаҳри Турсунзода ғолиб гардида, диплому туҳфа дар ҳаҷми 1000 сомониро сазовор гардиданд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






