Фестивал-озмуни «Тараннуми Истиқлол» ҷамъбаст гардид

Июнь 3, 2016 15:36

Душанбе, 3.06.2016 /АМИТ Ховар/. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни фархундаи  25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади фароҳам овардани  шароити мусоид барои вусъати неруи эҷодӣ, дарёфти чеҳраҳои нав — овозхонҳо, навозандагон, раққосон, ташвиқу тарғиби ҳунару истеъдодҳои асил ва мусоидат ба ривоҷу равнақи истеъдодҳои ҷавон дар ҷумҳурӣ даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Тараннуми Истиқлол» баргузор шуд.
Тавре ки аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар барномаи консертии ниҳоӣ, ки 1 июн дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев баргузор шуд, аз гӯшаҳои мухталифи ҷумҳурӣ ҳаваскорон иштирок карданд.
Тибқи Низомномаи Фестивал-озмун ба ғолибон туҳфаҳои муносиб тақдим гардиданд.
Дар номгӯи «Коллективи беҳтарин» ҷои 1-ум ба гурӯҳи ҳунарпешагони Кохи фарҳанги шаҳри Ваҳдат, ҷои 2-юм ба гурӯҳи рақсии Кохи фарҳанги ноҳияи Лахш ва ҷои 3-юм  ба гурӯҳи мутрибони Кохи фарҳанги ноҳияи Дарвоз  сазовор дониста шуда, онҳо ба гирифтани Диплому мукофотҳои пулии Вазорати фарҳанг ба миқдори 4 ҳазор, 3 ҳазор  ва 2 ҳазор  сомонӣ сазовор гардиданд.
Дар номгӯи «Беҳтарин раққоса» Сумангул Ҳикматова аз ноҳияи Нуробод ва Мафтуна Оқилова аз ноҳияи Ҷ. Расулов ғолиб дониста шуда, сазовори диплому туҳфа ба миқдори 1000 сомонӣ гардиданд.
Дар номгӯи «Беҳтарин навозанда» Сабринаи Мирзо аз шаҳри Роғун ва Ҳурият Ҳасанова аз шаҳри Турсунзода ғолиб гардида, диплому туҳфа дар ҳаҷми 1000 сомониро сазовор гардиданд.

Июнь 3, 2016 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд