Форуми соҳибкорони ҷумҳурӣ ва намоишгоҳи молу маҳсулоти «Хатлон -2016»
Душанбе, 23.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Таҳти роҳбарии раиси Кумитаи тадорукоти вилоятӣ оид ба омодагии Форуми соҳибкорони ҷумҳурӣ ва намоишгоҳи молу маҳсулоти «Хатлон -2016», муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабов Раҷабалӣ ҷаласаи назоратии Кумитаи тадорукот дар шаҳри Қурғонтеппа баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти вилояти Хатлон, дар ҷаласа маълумот оид ба ҷараёни иҷрои нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба Форум ва намоишгоҳи молу маҳсулот шунида шуд.
Ҳангоми баргузории ҷаласа муовини раиси вилояти Хатлон, раиси Кумитаи тадорукот ба аъзои Кумита ва масъулин барои иҷрои нақшаи чорабиниҳои Форум ва бо мақсади дар сатҳи баланд доир гардидани чорабинии мазкур вазифаҳои мушаххас дод.
Аз ҷумла, зикр гардид, ки ба корҳои омодагӣ ба Форум ва намоишгоҳ вусъат бахшида, ҳарчи тезтар масъалаи омода намудани рӯйхати иштирокдорон, меҳмонхонаҳо, маводи тақсимотӣ барои иштирокдорон ҳалл карда шаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






