Франческо Тотти дар 40-солагиаш ҳам футболбози тими «Рома» боқӣ мемонад
Душанбе, 09.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз ситораҳои футболи Италия ва ифтихори бошишгоҳи «Рома» Франческо Тотти шартномаи ҳамкориашро бо ин бошишгоҳи футболи шаҳри Рим боз то як мавсими дигар тамдид кардааст. Дар ин бора бошишгоҳи «Рома» расман иттилоъ додааст. Акнун ин футболбози итолиёвӣ дар 40-солагиаш ҳам футболбози тими «Рома» боқӣ мемонад.«Ман аз аввал мехостам, ки фаъолияти варзишии касбиямро дар ҳамин даста ҷамъбаст намоям ва акнун ба ман муяссар гардид, ки танҳо шарафи як дастаро ҳимоя кунам»,- гуфтааст Франческо Тоти.
Ӯ соли 1989 дар 12- солагиаш ба сохтори футболи «Рома» омадааст ва соли 1993 дар синни 16 дар ҳайати асосии «Рома» аввалин бозӣ анҷом додааст. Рӯзи 27 сентябри соли равон ин футболбоз 40- сола мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Франческо Тотти 25 мавсим аст, ки танҳо шарафи як дастаро ҳимоя мекунад. Дар мавсими гузашта ин футболбоз дар тими «Рома» 15 бозӣ гузаронида, ба задани панҷ гол даст ёфтааст. Дар маҷмӯъ, ӯ дар ҳайати «Рома» 758 бозӣ гузаронида, ба задани 304 гол мушарраф шудааст.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






