Генерал Ҷозеф Л. Вотел ба саҳми Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва таъмини амнияту суботи минтақавӣ баҳои баланд дод

Июнь 15, 2016 14:15

Душанбе, 15.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Истиқлолият-ин дастоварди бузург ва бебаҳост. Чун ташрифи ман ба  арафаи таҷлили ин ҷашни бузург рост омад, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро аз номи Штатҳои Муттаҳидаи Америка, хусусан аз номи Фармондеҳии марказии Қувваҳои Мусаллаҳи Штатҳои Муттаҳида бо ин дастоварди бузург табрик мегӯям ва аз он ҳамкорие, ки мо бо шумо дар тӯли 25 соли охир дорем, ифтихор мекунем»-, иброз намуд фармондеҳи Фармондеҳии марказии Қувваҳои Мусаллаҳи Штатҳои Муттаҳидаи Америка генерал Ҷозеф Л. Вотел баъди мулоқот бо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз дар Қасри миллат баргузор гардид.
Генерал Ҷозеф Л. Вотел дар ҳузури хабарнигорон ҳамчунин изҳор намуд, ки дар суҳбати пурмуҳтаво бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба ҳамкории ду кишвар дар сатҳи минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Фармондеҳи фармондеҳии марказии Қувваҳои Мусаллаҳи Штатҳои Муттаҳидаи Америка ба саҳми Тоҷикистон дар мубориза аллайҳи терроризму экстремизми байналмилалӣ ва таъмини амнияту суботи минтақавӣ баҳои баланд дода, ваъда дод, ки дар оянда барои густариши муносибатҳо ва таҳкими ҳамкорӣ бо Тоҷикистон кӯшишҳои заруриро ба харҷ медиҳад.
Дар охир генерали амрикоӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои изҳори ҳамдардӣ нисбат ба ҳодисаи мудҳише, ки ба наздикӣ дар  шаҳри Орландои ШМА рух дод, минатдорӣ баён намуда, зикр кард, ки ин бори дигар моро ҳушдор медиҳад, ки мо бояд ҳамкории худро дар мубориза бар зидди терроризм боз ҳам ҷоннок намоем ва дар ин ҷода омодагии ҳамкории ҷониби ШМА-ро бо шарикони тоҷик изҳор намуд.

Июнь 15, 2016 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд