Гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии Қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Шуғнон

Июнь 26, 2016 08:53

Душанбе, 26.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Баъди ифтитоҳи мактаб дар деҳаи Кушки Ҷамоати Поршневи ноҳияи Шуғнон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар маркази ноҳияи Шуғнон бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии Қасри фарҳанг ҳусни оғоз бахшид.

Замина барои бунёди маркази нави маъмурӣ ва нуқтаи замонавии истироҳату фароғати маънавӣ бо муосиртарин бинои Қасри фарҳанг бо гузоштани санги асос аз ҷониби Пешвои миллат дар маркази ноҳия муҳайё гардида, корҳои сохтмонӣ бо тарҳи ғайри оддӣ, аз рӯи услуби хоси меъмории миллӣ амалӣ хоҳад шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст бо тарҳи сохтмонӣ, ки мутобиқ ба стандартҳои муосири шаҳрсозӣ омода шудааст, шинос шуда барои татбиқи бо сифати лоиҳа дастуру маслиҳатҳои муфид дод.

Оғози корҳои бунёди Қасри фарҳанг аз ҳисоби суратҳисоби махсуси Дирексияи сохтмони иншооти Ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзиши 5 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, он дар асоси тарҳи муосири меъморӣ амалӣ хоҳад гашт.

Дар ин китъа, тибқи нақшаи мукаммали меъморӣ бо ҳашомати хоси фарҳангӣ Қаср бунёд мегардад, ин аст, ки дар самти муҳайё сохтани шароити зарурии хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар асоси тарҳ амалисозии тамоми инфрасохторӣ зарурӣ низ ба нақша гирифта шудааст.

Қасри фарҳанг аз бинои 2 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум, толор барои 324-ҷойи нишаст, дидбонӣ марказӣ, хонаи ҳунармандон, ҳуҷраи хоси сару либос, утоқҳои муосири корӣ, ҳуҷраи техникӣ ва ҳуҷраи маҳфил тарҳрезӣ шудааст. Дар ошёнаи дуюми бино, пешайвон, толор барои бештар аз 100 ҷойи нишаст, ҳуҷраи маҳфил ва миёнсарой ташкил хоҳад шуд. Дар маҷмӯъ бинои замонавии Қасри фарҳанг ҳамагӣ бо 500 ҷойи нишаст бунёд мешавад.

Дастур дода шуд, ки корҳо дар иншооти бунёдшаванда мутобиқи талаботи муосири меъморӣ ва бо тамоми шароити зарурии корӣ амалӣ гардида, системаи пешқадами комуникатсионии фаъолият муҳайё шавад.

Дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат ин иншооти фарҳангӣ оянда бо тамоми имконоту шароити пешқадам барои гузаронидани чорабиниҳои бо шукуҳ имконпазир хоҳад шуд.

Татбиқи чунин тарҳи сохтмонӣ аз ҷониби меъморони маҳаллӣ дар муддати кӯтоҳ амали шуда, ғайри оддӣ ва дорои услуби хос мегардад.

Июнь 26, 2016 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон