Хонандагони мактаб-интернати Рӯшон дар урдугоҳи «Чашмасорон» дам мегиранд

Июнь 15, 2016 17:02

Хоруғ, 15.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят 30 нафар аз хонандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон барои истироҳат ба урдугоҳи «Чашмасорон»  фиристонда шуданд. Раиси ин шӯро Марзия Некпаева гуфт, ки аксарияти ин  кӯдакону наврасон  аз оилаҳои ниёзманд ва ятим мебошанд ва имкони дамгирӣ дар истироҳатгоҳҳои музднокро надоранд. Аз ин рӯ, мо кӯшиш мекунем, ки дар се баст ҳамаи онҳоро ба истироҳати бофароғат ҷалб намоем.
Дар назди урдугоҳ  чашмаи шифобахш ҷойгир аст ва хонандагон баъди бозиҳои зеҳнию варзишӣ  ва фарҳангӣ метавонанд аз оби шифобахши ин чашма низ баҳра баранд. Оби чашмаи мазкур  барои касалиҳои устухон, миён ва дасту пой давои хуб аст. Яъне дар баробари дамгирӣ онҳо дар таътили  тобистона ҳамчунин саломатии худро барқарор месозанд.
Алъон наздики 10 истироҳатгоҳи мавсимӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба қабули кӯдакону наврасон  омода мебошанд.

Июнь 15, 2016 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад