Хоруғ: Қомат афрохтани парчами миллӣ дар баландии 1250 метр аз сатҳи баҳр

Июнь 23, 2016 10:37

Хоруғ, 23.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар  маркази вилояти Бадахшон шаҳри Хоруғ, дар рӯ ба рӯи бинои мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии вилоят  бунёди сутунпояи парчами миллӣ бо маром идома дорад. Дар сохтмони он 17 нафар коргарони корхонаи Талко саҳм мегузоранд.  Роҳбари бинокорон Грант Газариант гуфт, ки баъди ду рӯз, аниқтараш 25 июн корҳои сохтмонӣ ба анҷом мерасанд. Паҳноии ин парчам 4,8 метр, дарозӣ 32 ва баландияш 30 метр мебошад. Устоди ДДХ, доктори улуми филологӣ Назрӣ Офаридаев гиромӣ доштани муқаддасоти миллиро яке аз фазилатҳои неки ҳар як миллат унвон карда, изҳор намуд, ки ин муқаддасот дар тарбияи маънавӣ, ватандорию хештаншиносӣ нақши муассир доранд. Ҳар ҷавон ё кӯдаку наврасе, ки аз зери ин парчам гузар мекунад, беихтиёр ӯро нангу номус ва ғурури миллӣ фаро мегирад. Халқи тоҷик дар тӯли таърих парчамҳои гуногунрангу гуногуншакл  доштааст, аммо рамзи он дар хеҷ давру замон тағйир наёфтааст. Парчам рамзи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат аст. Назрӣ Офаридаев бо ҳисси ифтихори миллӣ баён дошт, ки шаҳри Хоруғ аз сатҳи баҳр дар баландии зиёда аз 1200 метр мавқеъ гирифтааст ва агар онро ба сутунпояи парчами миллӣ  илова кунем, назирашро дар дунё кам хоҳем дид.
Масъулини шаҳрдорӣ изхор доштанд, ки бо шинондани буттаву дарахтони ороишӣ, фаввораву василаҳои дигари дилхушӣ  ин макон дар оянда ба як мавзеи зебову диданӣ табдил меёбад.
Ифтитоҳи расмии сутунпояи парчами миллӣ рӯзи 27 июн бо ширкати Пешвои миллат дар назар аст.

Июнь 23, 2016 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд