И. Латифов, сокини нафақахӯри ноҳияи Спитамен: «Пешвои миллат Тоҷикистонро ба роҳи рушду тараққӣ баровард»

Июнь 21, 2016 15:01

Душанбе, 21.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Ба унвонҳои баланду ифтихории «Қаҳрамони Тоҷикистон» ва «Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат»  сазовор гаштани Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бесабаб нест, зеро хизматҳои бебаҳои ин шахсияти бузург хеле пурарзиш аст»-,  чунин изҳор намуд Иброҳим Латифов, сокини нафақахӯри Ҷамоати деҳоти Т. Ўлҷабоеви ноҳияи Спитамен.
Дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Иброҳим Латифов хизматҳои Эмомалӣ Раҳмонро дар сарҷамъ кардани миллати парешони тоҷик, баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, кам намудани шумораи бекорон ва бо ҷои кор таъмин намудани ҳазорҳо нафар зикр намуд:
-Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар намудани вазъи сиёсии ҷомеа, ба ҳам овардани тоҷикон аз таҳти дил, бо тамоми нерую қуввааш ҳаракат кард. Бо гурӯҳи мухолифин, ки зери роҳбарии Саид Абдуллоҳи Нурӣ қарор доштанд, борҳо дар қаламрави дигар давлатҳо музокира гузаронд ва зери ҳомигии Президенти онвақтаи Федератсияи Русия Борис Елтсин 27 июни соли 1997 ба санади таърихӣ  Созишномаи истиқрори сулҳ имзо гузошта шуд. Ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, мардуми мамлакати мо ба мусолиҳаи миллӣ дастёб гардид ва Тоҷикистонро ба роҳи рушду тараққӣ баровард.
Соли 1991 Тоҷикистон истиқлолияти миллиро ба даст овард. Соли 1992  кишвари мо аъзои Созмони Милали Муттаҳид гардид. Ҳоло давлати мо  бо  беш аз 150 мамлакати ҷаҳон муносибати дипломатӣ дорад.
Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани вазъи иқтисодиёт, баровардан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, кам намудани шумораи бекорон, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, беҳтар сохтани шароити муҳоҷирон, баланд бардоштани  нафақаи нафақахӯрон, маъюбон, музди меҳнати кормандони соҳаи буҷавӣ пайваста кӯшиш ба харҷ дода истодааст.
Дар доираи ободкориҳо бо дастгириву ибтикороти Президенти кишвар солҳои охир нақбҳои «Шаҳристон», «Истиқлол» дар вилояти Суғд ва чандин нақбҳо дар вилояти Хатлон сохта шуданд.
Бо ташаббуси Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Барномаи давлатии  «Об — барои ҳаёт» баррасӣ гардида, бахшида ба ин дар пойтахт Конфронси байналхалқӣ баргузор шуд, 700 — солагии мутафаккири бузурги машриқзамин, шоири забардаст Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 3000 — солагии Ҳисори шодмонро ботантана ҷашн гирифтанд.
Соли гузашта аз ҳисоби таъсиси коргоҳҳо зиёда аз 2 ҳазор ҷои корӣ ташкил гардид. Умуман, давоми даҳ соли охир беш аз 1 млн.  ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ  таъсис дода шуд. Аз ҳамин ҳисоб, яъне таъсиси коргоҳҳои нав  ва таъмин гаштан бо ҷои кор сокинони диёрамон сатҳи зиндагии худро баланд бардошта истодаанд.
Алҳол умри миёнаи шаҳрвандон ба 73,5 сол расид,  аз ҳисоби  таъминоти соҳаи тиб бо мутахассисон ва таҷҳизоти замонавӣ фавти модару кӯдак дар кишварамон хеле кам шуд.
Ҷорӣ намудани технологияҳои нави истеҳсолӣ дар корхонаҳо имконият дод, ки коркарди маҳсулот 1,6 баробар зиёд гардад. Соли 2015 навсозии шоҳроҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода ба масофаи 57 километр ба маблағи беш аз 800 миллион сомонӣ ва шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент ба масофаи 113 километр ба маблағи беш аз 700 млн. сомонӣ анҷом ёфт. Дар мамлакат коргоҳҳои саноатии бузург, ба монанди истеҳсоли семент, коркарди нафт, бофандагӣ, металлҳои ранга, металлургӣ ва ғайра ба фаъолият пардохтанд.
Ба муносибати 25 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ заводҳои истеҳсоли семент бо иқтидори дар як сол 1,2 млн тонна, истеҳсоли гипсокартон, фтораллюминӣ, коркарди тилло, корхонаи бофандагӣ ва комбинати металлургӣ сохта мешаванд.
Дар соҳаи таъминоти энергетика Тоҷикистон сол аз сол ба истиқлолияти энергетикӣ наздик гардида, айни ҳол ба давлатҳои ҳамсояи Афғонистон ва Покистон қувваи барқ интиқол дода истодааст. Дар зарфи даҳ соли охир  беш аз 90 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 12 млрд. сомонӣ татбиқ гардида,  айни замон 63 лоиҳаи дигар дар ҳаҷми умумии зиёда аз 19 млрд. сомонӣ   амалӣ  шуда истодааст.
Дар замони Истиқлолият беш аз 190 километр роҳи оҳан бунёд гардид. Дар давоми соли 2016 корҳои сохтмону таҷдиди боз якчанд иншооти нақлиётии муҳим, аз қабили навсозии қисми роҳҳои мошингарди Душанбе-Турсунзода ба маблағи 480 миллион сомонӣ ва Исфара-Хуҷанд ба маблағи зиёда аз 310 миллион сомонӣ оғоз мегардад.
Дар давоми соли 2016 дар маҷмӯъ қариб 510 километр роҳ таъмиру таҷдид ва 140 километр сохтаю барқарор карда хоҳанд шуд.
Илова бар ин, ба маблағи беш аз 70 миллион сомонӣ таъмиру таҷдиди роҳҳои байни шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳот ба масофаи 324 километр ба анҷом расонида, аз ҳисоби фонди эҳтиётии Президенти мамлакат дар 21 шаҳру ноҳияи кишвар 81 километр роҳҳои байнишаҳрӣ ба маблағи 90 миллион сомонӣ навсозиву таъмир шуданд. Масъалаи хизматрасонӣ ва таъминоти қувваи барқ ҳам сол аз сол беҳтар мешавад.
Роҳҳои маркази ноҳияи Спитамен ва роҳи мошингарди Ҷамоати Фармонқӯрғон низ босифат қирпўш гардиданд.
Соли 2016 барои соҳаи тандурустӣ 3 миллиарду 150 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст, ки ин рақам нисбат ба соли 2015-ум 10 фоиз ва дар муқоиса бо 10 соли пешин 13 баробар зиёд мебошад.
Татбиқи барномаи компютеркунонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 ба охир расида, дар миқёси мамлакат 106 фоиз иҷро шуд.
Ҳамаи ин корҳо бо ҷидду ҷаҳд, ғамхорӣ ва кумаки ҳамешагии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомаи амал пӯшид ва нақшаҳои оянда низ амалӣ хоҳанд шуд.

Таҳияи Мавҷуда Анварӣ

Июнь 21, 2016 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд