И. Қурбониён: «Дастовардҳои «Тоҷикстандарт» дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон назаррасанд»

Июнь 11, 2016 12:09

Душанбе, 11.06.2016/АМИТ«Ховар»/. «Кормандони Агентии «Тоҷикстандарт» фаъолияти худро дар партави сиёсати Роҳбари олии кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда,  барои татбиқи яке аз се ҳадафи стратегии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- таъмини амнияти  озуқавории кишвар саҳми арзанда гузошта, саъй доранд, ки ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол намоянд», -гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Агентии  стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло  Қурбониён.

Мавсуф зикр кард,ки амалӣ намудани сиёсати Ҳукумати  кишвар дар бахши ҳимояи бозори истеъмолӣ, риояи сифатнокӣ ва баланд бардоштани фарҳанги истеҳсолоту хизматрасониҳо аз рисолати асосии мақомоти «Тоҷикстандарт» аст, ки дар ин самт бо андешидани тадбирҳои муассир барои ҳимояи генофонди миллат саҳми муносиб мегузорад.

Ҳамзамон самти фаъолияти Агентии «Тоҷикстандарт»  ҳамчун мақомоти назоратӣ ва санҷиши риояи меъёрҳои стандартии молу маводи дар дохил истеҳсолшаванда ва аз хориҷ воридшаванда, воситаҳои ченаки ягона ва ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон бевосита ба ҳифзи беҳдошти рӯзгори омма нигаронида шудааст. Махсусан, дар тарбияи кадрҳо, баланд бардоштани дараҷаи тахассусӣ пешравиҳои назаррас ба чашм мерасанд. Ташкил ва гузаронидани  семинару курсҳои такмили ихтисос, фиристодани кормандон ба хориҷи кишвар, ташкили озмоишгоҳҳои нав, барқароркунӣ  ва таҳкими ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ дар масъалаи рушди соҳаи назорати давлатии сифати молу маҳсулот ба анҷом мерасанд.

Ховар: Барои  таҳкими заминаи моддию техникии  мақомоти «Тоҷикстандарт»  ва саҳм гузоштан дар рушди ҳукумати  электронӣ  кадом  тадбирҳо андешида шудаанд?  

И. Қурбониён: Ба истифода додани марказҳои нави озмоишию ташхисӣ дар Дастгоҳи марказии Агентӣ, дар  шаҳру вилоятҳои Суғд, Хатлон, Бадахшон, Исфара, Кӯлоб, Ваҳдат, Турсунзода, Шаҳритус, Данғара, Рашт, Лахш  ва таъмиру таҷдиди дигар биноҳо идома дошта, дар  назди озмоишгоҳи маҳсулоти хӯроквории «Тоҷикстандарт» бахшҳои нав фаъол ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз  гардонида шуданд. Ин тадбир дар самти  ҳимояи ҳуқуқи  истеъмолкунандагон иқдоми нек аст.

Бо  мақсади  таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ таҷҳизоти озмоишгоҳҳои ташхиси маҳсулоти дастгоҳи марказии Агентӣ ва марказҳои  «Тоҷикстандарт»   дар вилоятҳои Суғду Хатлон ба талаботи стандарти байналмилалӣ   ИСО/МЭК 17025:2005  мутобиқ гардонида шуданд. Алҳол се озмоишгоҳи ташхисии «Тоҷикстандарт»   дар Душанбе, Хуҷанд, ва Қурғонтеппа аз ҷониби  созмони  олмонии DаkKS ва Маркази миллии аккредитатсияи Қазоқистон аккредитатсия шуда,  соҳиби ваколати байналмилалӣ гаштанд. Ин барои эътирофи ташхиси молу маҳсулоти хӯрокворӣ, ки дар ин озмоишгоҳҳо амалӣ карда мешаванд, дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат намуда, дар муддати кӯтоҳу дақиқ нишондодҳои сифат ва бехатарии  маҳсулоти хӯроквориро муайян менамоянд. Бо мақсади такмили тартибу корбурди ташхиси маҳсулот барои кам кардани вақти ташхиси маҳсулот дар  Агентӣ  услубҳои нави  ташхис бо истифодаи таҷҳизоти замонавии нишондиҳандаашон дақиқ   ҷорӣ карда шуданд. Чунин озмоишгоҳҳои  «Тоҷикстандарт»   дар ҷумҳурӣ ягонаанд, ки соҳиби аккредитатсияи байналмилалӣ гаштаанд.

Ховар: Ҳамкории Агентии «Тоҷикстандарт»   бо дигар созмонҳои байналмилалии бахши стандартикунонӣ дар кадом сатҳ аст?

И. Қурбониён: Агентии  «Тоҷикстандарт»   ҳамчун мақомоти миллии соҳаи стандартонии кишвар, дар созмонҳои  байналмилалии соҳаи стандартикунонӣ Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд. «Тоҷикстандарт»   аъзои Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, сертификатсия ва метрологияи кишварҳои ИДМ, аъзо-корреспонденти ташкилоти байналмилалӣ оид ба стандартҳо ИСО  ва дигар созмонҳо буда, бе мамониат аз стандартҳои байнидавлатӣ ва байналмилалӣ истифода мебарад. «Тоҷикстандарт»  инчунин аъзо-корреспонденти созмони  байналмилалии метрологияи қонунгузор, аъзои комилҳуқуқи созмони ҳамкории авруосиёгии муассисаҳои давлатии метрологӣ (COOMET),  Ташкилоти байналмилалии стандартизатсия (МАС), аъзои ассотсиавии Созмони байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи аккредитатсияи озмоишгоҳҳо (ILAC) ва аъзои Созмони Осиёи Марказӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия дар соҳаи метрология, ваколатдиҳӣ ва сертификатсия (САС MAS-Q) аст. Ҳамзамон Агентии «Тоҷикстандарт»  аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ буда, дар пешбурди фаъолияти он нақши назаррас дорад. Дар ин самт вобаста ба ҳолатҳои санитарию беҳдоштии корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои хӯроки умумӣ ва корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бо Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва Хадамоти байторӣ ҳамкорӣ ба роҳ монда шуда, дар якҷоягӣ масъалаҳои соҳавӣ баррасӣ мешаванд.

Ховар: Заминаи моддӣ- техникии хадамоти давлатии метрологии Агентӣ оё ба талаботи рӯз ҷавобгӯ аст?  

И. Қурбониён: Манбаъҳои моддӣ -техникии хадамоти давлатии метрологии   «Тоҷикстандарт»  тақвият ёфта, озмоишгоҳҳои дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои минтақавӣ бо дастгоҳҳои муосири санҷишӣ таҷҳизонида шудаанд. Ин имконият дод,  ки талаботи бахшҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар дар соҳаи назорати давлатии сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, таъминоти метрологии истеҳсолот, ҳолату истифодабарии воситаҳои ченак ва санҷиш қонеъ гардонида шавад. Дар зарфи солҳои охир озмоишгоҳҳои метрологии Агентӣ бо дастгоҳи нави 551031М ва LQ-100C барои санҷиши ҳисобкунакҳои газӣ бо дараҷаи саҳеҳии 0,5%, дастгоҳи навъи МК 6801 бо дараҷаи сеҳеҳии 0,05% барои санҷиши ҳисобкунакҳои барқӣ, калибратори ченкунии тавоноии навъи ОМА-76601, ҳисобкунаки намунавии барқии навъи Ц 6802 бо дараҷаи саҳеҳии 0,1% ва 0,2%, калибратор-ченкунаки сайёри навъи ZM-3001 барои санҷиш ва назорати термометрҳои муқовимат, термопараҳо, асбоби табдилдиҳандаи энергия ва барои баланд бардоштани самарнокии корҳои санҷишӣ, ғалтаки шиддати баланд барои санҷиши ҳисобкунакҳои як ва сефазагӣ, ваттметр ва амперметрҳои рақамӣ барои санҷиши амперметр, волтметр, ваттметрҳо ва трансформатори иқтидораш то 10А бо дараҷаи саҳеҳии 0,02% ва ғайра муҷаҳҳаз гардонида шуданд.

Ҳамчунин дар дастгоҳи марказӣ, ду маркази вилоятҳои Суғду Хатлон, РСМС минтақаи Кӯлоб ва Маркази ташхисии минтакавии Истаравшан, Турсунзода, Конибодом, Исфара  озмоишгоҳҳои нави санҷиши ҳисобкунакҳои газӣ ва обӣ, бо дастгоҳҳои замонавӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.

 «Ховар»: Фармони  Президенти  кишвар «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» дар Агентии «Тоҷикстандарт» дар кадом сатҳ иҷро мегардад?

И. Қурбониён:  Бо мақсади иҷрои  Фармони Президенти кишвар аз ҷониби Агентии «Тоҷикстандарт» нақшаи чорабиниҳо ва лоиҳаи «Барномаи стандартикунонӣ дар соҳаи сарфаҷӯии энергия» барои солҳои 2010-2011» таҳия гардида, чор стандарти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика таҳия ва дар таҷриба ҷорӣ кунонида шуданд. Ҳуҷҷати меъёрии «Қоидаҳои баҳисобгирии газ» таҳия ва бо Вазорати энергетика ва саноат мавофиқа гардонида шуд. Айни замон дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Қурғонтеппа се озмоишгоҳи санҷишӣ оид ба муайян намудани сифат ва бехатарии таҷҳизоти барқии каммасраф  фаъолият доранд. Инчунин аз  Чин ду адад таҷҳизоти муосири санҷиши сифат ва бехатарии лампаҳои камасраф ворид карда шуда, дар озмоишгоҳҳои метрологии дастгоҳи марказии «Тоҷикстандарт»  ва МСМС ва НС вилояти  Суғд насб ва  мавриди истифода қарор дода шуданд.

 «Ховар:  Саҳми кормандони  «Тоҷикстандарт»-ро дар татбиқи яке аз се ҳадафи  стратегии Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон — таъмини амнияти озуқаворӣ чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

И. Қурбониён: Барои  амалӣ намудани таъмини бехатарии хӯрокворӣ мақомоти  «Тоҷикстандарт»   масъулияти калонро ба зимма дорад. Фаъолияти самарабахши ҳаррӯза ва талошу заҳмати ҳар яки мо ба хотири ободонии Ватан ва ҳифзи манфиатҳои мардум нигаронида шудааст. Ин амал аз мо талаб менамояд, ки бо дили гарму масъулияти дучанд фаъолият ва кӯшиш намоем, то дар татбиқи амалии вазифаву мақсадҳое, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ  Раҳмон пеши аҳли ҷомеа гузоштаанд, саҳми арзанда дошта бошем. Яъне, мо бояд, ки бозори истеъмолии мамлакатро аз маҳсулоти пастсифат ва ба талабот ҷавобгӯнабуда ҳимоя ва саноатро аз истифодаи ашёи хоми пастсифат ва истеҳсоли молҳои ғайристандартӣ ҳифз намоем. Барои раҳоӣ ёфтан аз ин амалҳои номатлуб ва баланд бардоштани сифати маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ саъй дорем, ки ҳамкориро бо истеҳсолкунандагону соҳибкорон тақвият диҳем. Дар ин давра якчанд ҳолати нобуд кардани маҳсулоти хӯроквории муҳлати истеъмолиашон гузашта ва ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ ҷавобгӯй набуда, ки дар натиҷаи санҷиш ва назорати давлатӣ аз бозори истеъмолӣ гирифта шуда буданд, амалӣ гашт. Дар соли гузашта барои ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти бесифат ва татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» дар натиҷаи гузаронидани назорати давлатӣ ба миқдори 1160 тонна маҳсулоти гуногуни ба талаботи регламентҳои техникӣ ҷавобгӯй набуда, ба қайд гирифта шуда, нисбат ба онҳо тадбирҳо андешида шуданд.

Инчунин мутахассисони «Тоҷикстандарт»   дар  ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ барои ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти хӯроквории ба саломатии инсон хатарнок ва бесифат, пӯсти мурғ ва равғани нахл, ки қаблан тибқи шартҳои техникӣ дар истеҳсолот истифода мегардиданд, аз номгӯи ашёи хоми истифодашаванда аз ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ хориҷ намуданд. Маҳсулоти зикршуда ба сифати ғизо таъйиноти истифодаи мушаххас надоранд, аз ин рӯ истифодаи пӯсти мурғ дар истеҳсоли маҳсулоти ҳасибӣ ва омехта кардани равғани пахта бо равғани нахл дар  кишварамон манъ карда шуд.

Ховар: «Тоҷикстандарт»  ҳамкориро бо соҳибкорону молистеҳсолкунандагон дар кадом сатҳ ба роҳ мондааст?

И. Қурбониён: Барои таъмини шаффофият, бартараф намудани монеаҳои техникӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ, кам намудани вақти барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо ва дар ин замина таҳкими ҷорисозии тартиби барасмиятдарории воридот ва содироти молҳо барои гирифтани сертификати мутобиқат ба молу маҳсулот тавассути Равзанаи ягона фаъолияти Раёсати баҳодиҳии мутобиқати «Тоҷикстандарт»   омода карда шуд.

Барои содагардонии расмиёти содироти маҳсулот арзиши корҳои сертификаткунонии маҳсулоти ғизоӣ кам карда шуда, барои дар муҳлати камтарин ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо ва кӯтоҳ намудани вақти ташхис тадбирҳои амалӣ андешида шудаанд. Дар ду соли охир  дар озмоишгоҳҳои ташхисӣ  23 методи нави ташхисии молу маҳсулот ҷорӣ гардид. Дар ин давра талаботи ҳуҷҷатгузорӣ барои гирифтани сертификати мутобиқат аз 7 ба 3 номгӯй кам, тартиби баррасии ҳуҷҷатҳои содиротию воридотӣ содаю шаффоф карда шуда, ба зерсохторҳои «Тоҷикстандарт»   ирсол шуд. Ташхисгоҳҳои  маҳсулоти хӯрокӣ ҳар рӯз то соати 20:00, рӯзҳои шанбе то соати 17:00 ва рӯзҳои иду якшанбе то соати 13:00  кор мекунанд ва  барои соҳибкорон ягон монеа вуҷуд надорад.

Ҷорӣ намудани низоми идоракунии сифат ва дар борҷомаи маҳсулоти ватанӣ ишора шудани стандарти байналмилалӣ ба истеъмолкунанда барои интихоби молу маҳсулоти босифату бехатар ва содирот намудан ба дилхоҳ давлати хориҷӣ имконият медиҳад.

«Тоҷикстандарт»   ҳамчун мақомоти ваколатдор корҳои омӯзишӣ, фаҳмондадиҳӣ ва сертификатсионии системаи менеҷменти сифатро тибқи талаботи стандартҳои байналмилалии  ISO 9001:2008  Системаи менеҷменти сифат, ISO 14001:2004 Системаи менеҷменти экологӣ, OHSAS 18001:2007 Системаи менеҷменти махсуси бехатарӣ ва саломатӣ, ХАССП Системаи таҳлили хатарҳо ва идоракунии нуқтаҳои таҳдидомез, ISO 22000:2005 Системаи менеҷменти бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар корхонаҳои ватанӣ ба роҳ мондааст. Дар доираи корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омӯзиши стандартҳои байналмилалӣ (силсилаи ИСО 9000) ва аҳамияти ҷорӣ намудани онҳо дар истеҳсолот бо иштироки коршиносони байналмилалӣ машварат гузаронида шуд, ки дар онҳо намояндагони беш аз 45 корхонаи ватанӣ ҷалб гардида, соҳиби сертификати байналмилалӣ гардиданд.

Бо мақсади ҷорӣ намудани низоми назорати сифати маҳсулот дар корхонаҳои истеҳсолӣ тибқи  стандартҳои байналмилалӣ, рушди истеҳсоли маҳсулоти ватании босифат ва рақобатпазир, афзун намудани имконоти содиротии мамлакат дар соли 2015 дар 106 ва дар семоҳаи якуми соли 2016 дар 16 корхонаи ватанӣ низоми мазкур ҷорӣ шуд, ки ин барои баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозори истеъмолӣ ва иқтидори содиротии онҳо, ҳамзамон барои  истеҳсоли молу маҳсулоти босифати ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯй ва аз лиҳози  экологӣ тоза мусоидат менамояд.

 «Ховар»: Барои тақвияти иқтидори содиротии кишвар бо назардошти узви Созмони ҷаҳони  савдо /СҶС/ гардидани Тоҷикистон кадом корҳо ба анҷом расонида шуданд?

И. Қурбониён: Дар заминаи ворид шудани ҷумҳурӣ ба СҶС  Тоҷикстандарт бо корхонаҳои истеҳсолӣ, ки маҳсулоташонро ба хориҷа содирот менамоянд, ҳамкориро тақвият дода, барои таъмини онҳо бо стандартҳои байналмилалӣ, тадбирҳо меандешад. «Тоҷикстандарт»   барои таҳкими иқтидори содиротии мамлакат дар соли 2016 феҳристи корхонаҳои ватаниро, ки  ба содироти  маҳсулот машғуланд, тартиб дода, онҳоро бо санадҳои меъёрии техникӣ таъмин намуд. Барои ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ дар ин корхонаҳо дар доираи барномаи қабулгардида тадбирҳои амалӣ  андешида  истодааст.

Соли равон «Тоҷикстандарт»   озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бо ҷалби вазорату идораҳои марбута, мегузаронад. Ин озмун дар ду сол як маротиба гузаронида шуда, барои баланд бардоштани сифати маҳсулот ва афзун намудани иқтидори содиротии корхонаҳои ватанӣ замина фароҳам меорад.

Инчунин аз ҷониби Ҳукумати кишвар «Барномаи таҳияи регламентҳои техникӣ барои солҳои 2013-2014» ва «Барномаи таҳияи регламентҳои техникӣ барои солҳои 2015-2016», ки ба воридот, истеҳсол ва содироти молу маҳсулот мусоидат менамоянд, қабул гардиданд, ки дар робита бо татбиқи барномаҳо айни замон 12 Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.

Тоҷикистон аз соли 1994 аъзои Комиссияи аврупоии иқтисодии СММ /UNECE/ аст ва стандартҳои он барои меваю сабзавоти тоза ва маҳсулоти хушки онҳо дар савдои байналмилалии байни давлатҳои аъзо татбиқ карда мешаванд. Бо назардошти рушди истеҳсол ва содироти меваю сабзавот дар кишвармон имрӯз зарурати  ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ пеш омадааст. Дар ин росто «Тоҷикстандарт» бо UNECE  барои истифодаи  стандартҳои кишоварзии сифат дар регламентҳои техникӣ ва истифодаи стандартҳо дар савдои байналмилалӣ ҳамкорӣ дорад. Дар доираи ин ҳамкорӣ аз  ҷониби коршиносони «Тоҷикстандарт»   ду лоиҳаи стандарти UNECE оид ба меваҳои тару тоза (хурмо ва биҳӣ) таҳия  ва қабул гардидиданд.

Ҳамкорӣ бо UNECE барои ҷорӣ намудани низоми нави назорати сифати маҳсулот дар корхонаҳои истеҳсолӣ тибқи меъёрҳои байналмилалӣ, истеҳсоли маҳсулоти босифату рақобатпазир ва баланд бардоштани имконоти содиротии мамлакат мусоидат намуда, ҳамоҳангсозии стандартҳои Тоҷикистон ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқи талаботи СҶС рушд меёбад.

Ховар: Оё дар ҷумҳурӣ барои  муайян намудани  мавҷудияти организмҳои  ба таври генетикӣ тағйирдодашуда /ГМО/  озмоишгоҳ фаъолият дорад?

И. Қурбониён: Дар Агентӣ ду озмоишгоҳ  барои  муайян намудани ГМО дар маводи ғизоӣ фаъол гардида, усулҳои нави ташхис ҷорӣ шуд. Ин озмоишгоҳҳо дар ҷумҳурӣ ягона буда, мавҷудияти ГМО-ро дар таркиби маводи ғизоӣ муайян менамоянд.

Ховар: Дар солҳои соҳибистиқлолӣ «Тоҷикстандарт»   ба кадом дастовардҳо мушарраф гардид?

И. Қурбониён: Мақомоти «Тоҷикстандарт»   дар кишвар мақомоти пешбаранда ва нигоҳдорандаи фонди давлатии санадҳои меъёрӣ-техникист. Ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини  рушди устувори иқтисодии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии мардум буда, дар назди мо вазифаҳое вогузор гардидаанд, ки таъмини рушди  иқтисодиву иҷтимоии кишварамон ба иҷрои онҳо рабт дорад.

Бо соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Агентӣ дар бахшҳои стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мунтазам такмил ёфта, ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2006 ба «Тоҷикстандарт» мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. Дар ин росто  дар сохтори Агентӣ  тағйирот ворид гардид. «Тоҷикстандарт»   қудрат дорад, масъалаҳои  ба тамоми самтҳои фаъолияти Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия  вобастаро мустақилона ҳалл намояд

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Агентӣ оид ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ муайян ва амалӣ гардида истодаанд. Дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Рашт бинои нави замонавии Маркази ташхисии минтақавӣ бо таҷҳизоти ташхисии муосир ҷиҳозонида шуда, ба истифода дода хоҳад шуд. Баланд гардидани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ,  самараи Истиқлолияти давлатӣ аст, ки таҳти сарварии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд. Итминони комил дорем, ки шоҳроҳи ҳазорсолаи сеюм барои мо асри таҳкими истиқлолияти кишвар, рушди давлатдории миллӣ, дастовардҳои беназири сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлатамон гардида, ин роҳи дурусти тақдирсоз моро ба сӯи ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ ва ояндаи нек ҳидоят менамояд.

-Ташаккур барои суҳбат.   

Мусоҳиб  Марзия Саидзода, хабарнигори Ховар

Июнь 11, 2016 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод
7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ навъи тоҷикии асл буда, калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад