Ифтитоҳи бинои истиқоматии 12 — ошёна бо марказҳои савдою хизматрасонии муосир дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Душанбе, 21.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Синои пойтахт бинои истиқоматии 12 — ошёнаро бо марказҳои савдою хизматрасонии муосир мавриди истифода қарор дод.
Бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва марказҳои хизматрасонию савдо аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Сурайё Уроқова бо харҷи наздики 27 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.
Фармоишгар ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Гурӯҳи Самимӣ-Констракшн мебошад, ки роҳбариашро ин бонуи кордон ба ӯҳда дорад. Корҳои сохтмонӣ соли 2014 оғоз ёфта, соли 2016 ба охир расид ва дар вақти бунёди бино аз тарафи соҳибкор то 80 нафар бо ҷойи кор ва бо маоши миёнаи аз 1400 то 1800 сомонӣ таъмин шуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар қисми поёни бинои истиқоматӣ бозори бо тарҳи зебо сохташударо, ки дар он 150 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст, тамошо кард. Дар бозор дукону рафҳо барои таъмини сокинону меҳмонон бо меваю сабзавоти тару тоза, хушкмеваҳо, маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ, ширу гушт ва дигар анвои хӯрока мавриди истифода қарор дода шудааст.
Дар ошёнаи якуму дуюми бинои истиқоматӣ маркази савдою хизматрасонӣ барои 160 нафар ҷойи корӣ бо маоши миёнаи 1200 — 1800 сомонӣ, аз қабили маркази хизматрасонии бонкии Бонки байналмилалии Тоҷикистон бо 7 ҷойи корӣ, Ассотсиатсияи соҳибкории инноватсионӣ ва технологӣ бо 8 ҷойи корӣ, сехи дӯзандагӣ бо 20 ҷойи корӣ, дуконҳои тиҷоратӣ бо 100 ҷойи корӣ ва маркази дилхӯшии кӯдакон ташкил карда шудааст.
Бинои истиқоматӣ аз 12 ошёна, 96 хонаи 1, 2 ва 3 ҳуҷрагӣ иборат мебошад. Ҳуҷраҳо ба таври муосир хеле зебову барҳаво сохта шуда, ба талаботи рӯз ҷавобгӯ мебошад.
Имкони бунёди бино ва таъсиси ҷойҳои кориро Сурайё Уроқова аз дастгирии Ҳукумати кишвар аз соҳибкории хурду миёна медонад, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳайё шудааст.
Масоҳати умумии қитъаи замин, ки дар он бинои баландошёнаи истиқоматӣ бунёд шудааст, қариб 1 гектарро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди ин иншооти муосир истгоҳ барои 70 мошини мизоҷони марказҳои савдо ва таваққуфгоҳ бо 30 ҷой барои нақлиёти сокинони бинои истиқоматӣ сохта шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкор Сурайё Уроқова баҳри бунёди бинои истиқоматӣ ва аз ҳама асос таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ки боиси некуаҳволии як зумра шаҳрвандон мегардад, баҳои баланд дод.























Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






