Ифтитоҳи бинои маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон

Июнь 25, 2016 14:07

Душанбе, 25.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рушон пас аз шиносоӣ бо раванди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар деҳаи Ғудараи Ҷамоати деҳоти Савноб ба маркази ноҳия ташриф овард. Сокинони ноҳияи Рушон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро хеле гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Нахуст Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ бинои маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшонро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки санги асоси бинои мазкур ҳанӯз моҳи июли соли гузашта аз ҷониби Сарвари давлат ҳангоми ташрифи навбатиашон ба ин ноҳия гузошта шуда буд. Инак расо пас аз 10 моҳ дар маркази ноҳияи Рӯшон як бинои боҳашамату зебо қомат афрохт. Бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон дар масоҳати 0,45 гектар бунёд шуда, аз ду ошёна иборат аст.

Дар ошёнаи аввали бино 14 утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ бо 270 ҷойи нишаст воқеъ аст. Дигар маҷлисгоҳ бо 40 ҷойи нишаст дар ошёнаи дуюм қарор дорад. Илова бар ин дар ошёнаи дуюм боз 13 утоқи дигари корӣ муҷаҳҳаз бо тамоми лавозимоти зарурӣ мавҷуд мебошад.

Бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшонро ҶДММ «БДМ» бо дархости Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд кардааст. Арзиши лоиҳавии сохтмон 6 миллион сомониро ташкил додааст. Ин маблағ пурра аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо карда шуда, дар корҳои сохтмонӣ ҳам асосан мутахассисони маҳаллӣ ҷалб гардида буданд. Дар маҷмуъ дар давоми 10 моҳе, ки корҳои сохтмонӣ идома ёфт, зиёда аз 90 коргари маҳаллӣ дар ин иншоот бо кор таъмин шуданд, ки музди маоши миёнаи онҳо то 2 ҳазор сомониро ташкил медод.

Қобили зикр аст, ки бинои нави мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон хеле зебо ва ба стандартҳои меъмории замони муосир ҷавобгӯ мебошад.

Муаллифони лоиҳаи мазкур кӯшиш намудаанд, ки намунаҳо аз санъати меъмории тоҷикро дар ин бино ҷой намоянд. Аз ҷумла намои берунаи он бо сутунҳо ороиш ёфтаанд, ки ин усул хоси санъати меъмории миллати тоҷик мебошад. Нақши дасти ҳунармандони тоҷикро дар ороиши толори маҷлисгоҳ низ дидан мумкин аст. Барои зебо намудани ин толор ҳунармандон деворҳои онро гачкорӣ кардаанд.

Сарвари давлат ҳангоми боздид аз ин иншоот, ба сифати корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд дода, ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани коргузорӣ ва расидагӣ ба мушкилиҳои сокинон дастуру супоришҳо мушаххас доданд.

Июнь 25, 2016 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Суғд-арена»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд