Ифтитоҳи бинои нави Нозироти андози шаҳри Ваҳдат
Душанбе, 04.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории навбатӣ ба шаҳри Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои нави Нозироти андози шаҳр иштирок кард.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баъди буридани лентаи рамзӣ мавриди истифода қарор гирифтани бинои навро ба кормандони соҳаи андози шаҳр туҳфаи арзишманди роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат ба истиқболи ҷашни 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда онҳоро ба меҳнати садоқатмандона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки кормандони Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат то имрӯз дар бинои кӯҳнаю фарсуда дар шароити начандон хуби меҳнатӣ фаъолият карда аз норасоии ҳуҷраҳои корӣ ва техникаву таҷҳизоти зарурию муосири соҳавӣ танқисӣ доштанд.
Бинои нави мақомоти андоз аз се ошёна иборат буда бо тарҳу услуби нави меъморӣ бунёд шудааст ва муосиртарин шароити корӣ, аз ҷумла 18 утоқи кории барҳаво, толори маҷлисгоҳ, ва дар таҳхона ошхона ва идораи бойгонӣ дошта ҳама утоқҳои корӣ бо таҷҳизоти навтарини хизматрасонӣ таъмин мебошанд.
Дар ошёнаи якуми бино толори алоҳида бо компютерҳо муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки дар он соҳибкорон имкон доранд бо истифода аз шабакаи интернет эъломияҳои худро ба тариқи электронӣ пешниҳод намоянд, санадҳои муқоисавӣ тартиб диҳанд, ҳисобварақаи худро аз назар гузаронанд, бо санадҳои меъёриву ҳуқуқии қонунгузории андоз, ки дар сомонаи Кумитаи андоз ҷойгир карда шудаанд, шинос шаванд.
Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби фармоишгар Кумитаи андози назди Ҳукумати мамлакат ва пудратчӣ Кооперативи тиҷоратии «Дилшод» дар давоми 16 моҳ сохта ба истифода дода шудааст.
Мавриди истифода қарор гирифтани бинои Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат ва он ҳам бо иштироки бевоистаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти кормандони соҳаро дар иҷрои вазифаҳои хизмати давлатӣ афзун карда ба беҳдошти фаъолияти кормандони соҳа, хусусан иҷрои нақшаи ғанӣ гардонидани даромадҳои буҷети давлатӣ ва истифодаи самараноки тамоми сарчашмаҳои мавҷуда мусоидат менамояд.
















Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти томактабии Суғдиёнро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд






