Имрӯз дар Душанбе ҳаво 38 дараҷа гарм мешавад

Июнь 11, 2016 10:59

Душанбе, 11.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 16 то 18 дараҷа ва рӯзона аз 36 то 38 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 11 то 16 дараҷа ва рӯзона аз 26 то 31 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона аз 1 то 6 дараҷа ва рӯзона аз 14 то 19 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Xатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, асосан бебориш мешавад. Дар доманакӯҳҳо борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ва чангу ғубор ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо аз 22 то 27 дараҷа ва рӯзона аз 37 то 42 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона аз 17 то 22 дараҷа ва рӯзона аз 30 то 35 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда, дар водиҳо бориш намешавад. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 4 то 9 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 20 то 25 дараҷа ва рӯзона аз 34 то 39 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво шабона аз 8 то 13 дараҷа ва рӯзона аз 22 то 27 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар водиҳо бебориш мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 15 то 20 дараҷа ва рӯзона аз 34 то 39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 12 то 17 дараҷа ва рӯзона аз 27 то 32 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст.

Июнь 11, 2016 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад