Имтиёзҳо ба соҳибкорони ватанӣ
Душанбе, 01.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» тағйиру иловаҳо ворид намуданд. Ҳадафи он дастгирии давлатии молистеҳсолкунандагони ватанӣ дар ҷараёни идома ёфтани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти миллӣ ва тақвияти иқтидори содиротӣ ва воридотивазкунии онҳо арзёбӣ мегардад.
Тибқи ин тағйирот бо мақсади дастгирии соҳибкорони воридкунандаи гандум ва коркарди минбаъдаи он, муътадил нигоҳ доштани нархи орд дар бозори дохилӣ, таъмини шаффофияти амалиёт оид ба маҳсулоти коркарди гандум на танҳо барои воридот ва таҳвили гандум, инчунин барои фурӯши маҳсулоти аз гандум коркардшуда , меъёри 10 фоизи андоз аз арзиши иловашуда татбиқ карда мешавад.
Инчунин ҳисоб ва пардохти андоз аз фурӯши нахи пахта бекор карда шуда, бар ивази он боҷи содиротӣ барои нахи пахта ба андозаи 10 фоиз аз арзиши гумрукии нахи пахтаи содиротшаванда муқаррар карда мешавад. Ҳадафи он коркард ва то маҳсулоти ниҳоӣ расонидани нахи пахта дар кишварамон мебошад. Инчунин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Буҷети давлатӣ барои соли 2016 имтиёзҳои иловагиро барои воридоти дарахтон, гулу буттаҳо ва гулҳои ороишӣ аз хориҷи кишвар пешбинӣ менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






