Иномҷон Аминов: «Дар дунёи пуртазоди муосир миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад»

Июнь 3, 2016 13:40

Душанбе, 03.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Миллати шарофатманди тоҷик 9 — уми сентябри соли равон 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирад. Ин ҷашн дар шароите таҷлил мегардад, ки мафҳуму ормонҳои истиқлол, озодӣ, демократия барои тамоми мардуми Ватани азизамон равшантар ва масири расидан ба ин ҳадафу ормонҳо мушаххастар шудааст.  Ҳаракату талошҳои ҳамагонию пурнишот барои пешрафти кишвар дар тамоми заминаҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ ва афзудан ба дастовардҳои беназире, ки давлат ва мардуми мо дар тӯли чаҳоряк қарн ба он ноил гаштаанд, идома дорад. Дар робита ба ин хабарнигори АМИТ “Ховар” бо ректори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ДДТТ) дар шаҳри Хуҷанд, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Иномҷон Аминов суҳбат намуд.

Ховар: Имсол мардуми Тоҷикистон 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирад. Ба андешаи шумо дастоварди бузургтарини мо дар тӯли ин солҳо  кадом аст?

Иномҷон Аминов: Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 25 соли Истиқлолияти давлатӣ барқарор намудани   сулҳу суботи комил ва ваҳдату пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ  дар миёни тамоми қишрҳои ҷомеа аст. Маҳз                              бо шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик зери роҳбарии Сарвари муаззам, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҳама муяссар гардиданд.

Пас аз ба даст даровардани Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон фавран ба гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ шурӯъ намуд. Пеш аз ҳама, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ислоҳоти иқтисодӣ дида шуд.
Бо фаро расидани давраи осоишта дар ҷумҳурӣ барномаи ислоҳоти                                       иқтисодӣ кабул гардид, ки он роҳи иқтисодиёти бозаргониро интихоб намуд. Ҳангоми тартиб додани барнома таҷрибаи байналхалқӣ истифода гардида, хусусиятҳои хоси инкишофи иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба назар гирифта шуданд. Қариб ҳамаи заводу корхонаҳо тармиму таҷдид гардида ва ё аз нав бунёд шуда истодаанд. Тоҷикистон дорои маъданҳои бойи зеризаминӣ ва захираҳои обӣ мебошад. Бо ёрии сармояҳои хориҷӣ ва бо қувваи шаҳрвандон саноат пурра барқарор  шудааст.

Ботантана ҷашн гирифтани  1100-солагии давлати  Сомониён, дохил шудан ба СҲШ (Созмони Ҳамкории Шанхай), ташаббуси таърихии Тоҷикистон дар татбиқи амалиёти Даҳсолаи «Об барои ҳаёт» барои салҳои 2005-2015, кушода шудани нақби Анзоб, ҷашни 2700 — солагии шаҳри  Кӯлоб ва Соли тамаддуни ориёӣ, оғози сохтмони роҳи мошингарди ағбаи Шар-Шар, ба кор даромадани НБО Сангтӯда-1, ба кор даромадани хатти барқии Ҷануб — Шимол, кушода шудани нақби Шаҳристон, роҳи оҳани Қурғонтеппа — Кӯлоб, татбиқи лоиҳаи КАСА-1000-ин ҳама дастовардҳои бузурги истиқлолият ба шумор мераванд, ки минбаъд ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро дар радифи давлатҳои мутараққӣ хоҳанд гузошт.

Ховар: Соҳибихтиёрӣ ва Истиқлолияти давлатӣ чӣ гуна ба даст омад?  

Иномҷон Аминов: Соҳибихтиёрии давлатӣ барои ҳар кишвари мустақил дастоварди муҳим ба шумор меравад, зеро маҳз бо будани ин ормон ва хоҳиши олии миллат бо қудрату заковати худ онро дар амал татбиқ менамояд. Барои давлатҳои муосири дунё соҳибихтиёрӣ ба тарзҳои гуногун ба даст омадааст, ба баъзеҳо бо муборизаи тӯлонӣ, ба дигарҳо дар натиҷаи тағйир ёфтани низоми муносибатҳои байналмиллалӣ ва ниҳоятан ба гурўҳи сеюм дар натиҷаи аз байн рафтани давлатҳои колониалӣ дастёб гардидааст. Манзури ман аз ин суханон он аст, ки новобаста аз чӣ гуна ба даст омадани соҳибихтиёрӣ ва Истиқлолияти давлатӣ масъалаи муҳими он шинохт, эҳтиром  ва рушди кишвар аз тарафи шаҳрвандон мебошад, ки барои қадам ба қадам устувор намудани давлатдории муосири миллияшон таъсири ҷиддӣ мерасонад.

Тоҷикон аз қадимулайём миллати озодипарасту озодихоҳ буданд. Бо амри тақдир ва бар асари таҳаввулоти фарогирии сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90- уми асри гузашта миллати тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллии худ ноил гардид. Миллати тоҷик аз ҷумлаи он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад.

Ховар: Аз нуқтаи назари Шумо сиёсати «дарҳои боз», ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гирифта шудааст, дар суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва некуаҳволии маишӣ чӣ таъсири мусбат гузошта метавонад?                                                        

Иномҷон Аминов: Сиёсати «дарҳои боз» чун фарҳанги ҳамзистӣ бо олами имрӯз аз ҷониби роҳбарияти кишвар муаррифӣ гардида, дар асоси он сиёсати хориҷии бисёрсамта, ботавозун ва прагматикӣ тарҳрезӣ шуд ва тавсеаву таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамкории судманд бо кишварҳои гуногуни олам роҳандозӣ гашт. Ба шарофати ин сиёсат Тоҷикистон мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ ва ҳалли мушкилоти сайёра мустаҳкам сохта, ба доираи ҳамкории худ давлатҳои бисёрро ворид намуд ва бо назардошти манфиатҳои миллӣ тавозуни муносибатҳо ва манфиатҳои худро таъмин кард. Сиёсати «дарҳои боз» меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистонро таҷассум мекунад. Натиҷаҳои пурмаҳсули ин сиёсат дар он зоҳир мешаванд, ки ҳар сол миёни Тоҷикистон ва беш аз 100 кишвари ҷаҳон табодули мол сурат мегирад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои фаъоли 51 созмони байналмилалӣ, минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ мебошад. Соли 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи яке аз созмонҳои бонуфузтарини дунё-Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардид. То имрӯз Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам беш аз 1200 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расонидааст, ки масъалаҳои муносибату ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳарбӣ — техникӣ, амният, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳо фаро мегирад.

Ховар:  Рушди  иқтисод, пеш аз ҳама, ба мутахассисону кадрҳои баландихтисос ниёз дорад. Дар ин самт, яъне омодасозии кадрҳо дар донишкадае, ки шумо роҳбарии онро бар уҳда доред, чӣ корҳо ба сомон расонида мешаванд ва барои баланд бардоштани ҳисси ватандўстии донишҷўён кадом корҳо амалӣ мешаванд?

Иномҷон Аминов: Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд дар амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф, илм ва тайёр намудани мутахассисони ба бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир корҳои зиёдро амалӣ менамояд. Тибқи маълумоти Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф донишкада аз рўи нишондиҳандаҳои асосии соҳаи маориф ва сатҳи донишандўзии донишҷўён дар байни мактабҳои олии кишвар дар 5-6 соли охир доимо дар ҷойҳои якум ва дуюм қарор дорад, дар ташкили таҳсили донишҷўёни ихтисосҳои иқтисодӣ бо забони англисӣ, омўзонидани 3-4 забони хориҷӣ, ташкили шабакаи идоракунии (ҳукумати) электронӣ, давомоти донишҷўён, одоби муоширати онҳо ва шомил нагаштани онҳо ба равияҳои тундрав пешсаф мебошад.

Дар донишкада шабакаи (ҳукумати) электронии идоракунӣ ва назорати сифати таълим ба истифода дода шуда, ҳамасола мукаммал гардонида мешавад. Дар он ҳамаи маълумот оид ба ҳар як донишҷў, аз ҷумла варақаи шахсӣ, ғоибҳо, холҳои ҳамарўза ба дастмеовардаи онҳо, натиҷаҳои санҷишҳои фосилавӣ ва имтиҳонҳои ҷамъбастӣ, ҳамаи маводи дарсии профессорону омўзгорон — силлабусҳо, маҷмӯаҳои таълимӣ-методӣ, китобҳои дарсӣ, маҷмӯаҳои мисолу масъалаҳои фаннӣ, тестҳо, мисолу масъалаҳои имтиҳонӣ ворид карда мешаванд. Аз он донишҷўён васеъ истифода бурда, санҷишҳо ва имтиҳонҳо тавассути шабакаи ягона қабул карда мешаванд. Донишҷў баробари ба итмом расидани имтиҳонҳо, имкон дорад баҳои худро бинад. Ин тадбирҳо ҷилавгири амалҳои коррупсионӣ мегарданд. Модули SMS ба кор дароварда шуд ва тавассути он ҳар моҳ ба волидайни донишҷӯён маълумот оид ба давомот ва пешрафти фарзандашон интиқол дода мешавад.

Корҳои тарбиявӣ дар Донишкадаи иқтисод ва савдои  Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикстон қисми таркибии ҷараёни таълим ба шумор рафта, барои тайёр кардани мутахассисони ботаҷриба чун ҷузъи муҳим ба ҳисоб меравад. Корҳои тарбиявӣ барои фаъолнокии донишҷўён, тайёр намудани мутахассисони гуногуни соҳаҳо, эҳтироми анъанаҳои миллӣ ва эҳтироми қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи донишҷўён дар рўҳияи ватандўстӣ, инсонпарварӣ ва ахлоқи ҳамида  равона карда мешаванд.

Ховар: Мо дар остонаи таҷлили Рўзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем ва ин як ҳақиқати бебаҳс аст, ки ҳар як дастоварди Тоҷикистон  аз баракати ваҳдат аст. Ба назари шумо барои таҳкими сулҳу ваҳдат боз чӣ корҳоеро бояд ба анҷом расонид?

Иномҷон Аминов: Ҳар як миллат, ё як гурўҳи миллатҳо муҳити зисти хосса доранд, ки таърихан шакл ёфтааст, яъне ки муҳит маҳсули такомули таърихии махсус буда, рӯҳи миллатро таҷассум додааст. Танҳо дар чунин муҳити зист ё муҳити наздик ба он аз нашъунамои миллат, аз рушди табиӣ ва падидомади мукаммали ҳастии он метавон умед кард.

Имрӯз миллати тоҷик кӯшиш дорад дар пояи миллӣ фазои шаҳрвандие бунёд намояд, ки робитаи инсон ва ҷомеаро қавӣ гардонад. Рӯҳияи хоссаи худро нигоҳ дорад, то ки тавонад ҷомеаи нав бисозад. Фаъолияти ҷамъиятие дошта бошад, ки бе ихтилоф бошад, қудрати тавзеҳоти хайрхоҳона диҳад, ба иттиҳоди ҳамешагии миллат раъй диҳад.

Яке аз омилҳои муҳимми бунёди давлати миллии сиҳибихтиёр-ин андешаи озод, яъне истиқлоли фикрӣ ба шумор меравад. Танҳо бо рушду такомули он дар ҷомеа имконпазир аст, ки миллат роҳи озоди худро ба рушди оянда интихоб намояд ва аз рўи он амал кунад.

Дар давлати миллӣ арзишҳои мавҷудаи миллат  дар асоси моҳиятан миллӣ будани он, бидуни шак, ҳамчун арзишҳои асл шинохта мешаванд. Масъалаи арзишҳо дар бунёд ва устуворкунии давлатдории миллӣ яке аз омилҳои муҳим шуморида мешавад. Лекин паҳлўи дигари он, умумӣ буданаш ба тамоми миллат аст, ки дар натиҷа ҳамчун унсури созанда баромад менамояд. Дар истиқлоли фикрӣ омили арзиш нақши бориз дорад, зеро маҳз бо будани он дидгоҳҳо ва пешниҳодҳо аз шароити воқеии миллат бархўрдор мегарданд ва барои рушди устувори он заминаҳои мусоидро фароҳам меоваранд. Дар ин ҷода барои ба як шакл даровардани  арзишҳои миллат, пеш аз ҳама, мушаххас намудани онҳо зарур аст. Баъди ба поён расидани ин раванд метавон дар шаҳрвандон онро тарбия намуд, лекин ин ҷо падидаи муҳим қобилияти қабули ин арзишҳои асл аз тарафи худи шаҳрвандон низ мебошад. Маҳз дарки саривақтии он метавонад ҳамчун, яке аз  унсурҳои асосии миллатофар ва устуворкунандаи давлат баромад намояд.                       Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ нишонаи пойдориву бақои он мебошад, зеро дар дунёи пуртазоди муосир миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад. Шукргузори он ҳастем, ки миллати бузурги точик имрӯз давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва соҳибистиқлол гардидааст. Акнун барои миллати тоҷик чун обу ҳаво ваҳдати миллӣ зарур аст. Танҳо бо ваҳдат ва меҳнати якдилона мо метавонем истиқлолияти худро ҳифз намоему ватани азизамонро ободу зебо гардонем. Бешубҳа, оромиву шукӯҳи давлату миллат бар дӯши ҳар як шаҳрванд, махсусан насли ояндасози миллат-ҷавонон вобаста аст. Ин рисолати хайр, яъне ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани сарзамини аҷдодӣ ва ватани азизи хеш масъулияти бузург дорад ва ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, пойдориву устувории давлати соҳибихтиёри худ густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ  кӯшишу талош намоем. Ва инчунин барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дошта бошем. Дар хақиқат фазои озодиву сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагист, ки имрӯзҳо мо озодона дар тамоми ҷанбаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа метавонем фаъолият намоем.

Ховар: Дар соли таҷлили 25 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони кишвар чӣ таманниёт доред? 

Иномҷон Аминов: Соли 2016 барои мардуми шарифи кишварамон соли таърихӣ, яъне соли таҷлили 25-солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон мебошад ва итминон дорам, ки ин санаи бузургу тақдирсозро мо ҳама якҷоя бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегирем.                    Бо назардошти ин, аз ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсти кишвар тақозо мегардад, ки дар чунин давраи таърихӣ аз ҳарвақта бештар масъулиятшинос бошад. Ҳар яки мо вазифадорем, ки бо амалисозии иқдому ташаббусҳои неку созанда содиқонаву софдилона кор намоем.             Имрӯз ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.

Аз ин лиҳоз, орзу мекунам, ки 25 соли истиқлолият чун 25 зинаи камолоти миллату давлат дар дили ҳар як фарзанди бонангу номуси Тоҷикистон оташи меҳр, ҳамдиливу ҳамфикриро фурӯзон нигоҳ дорад ва донаҳои умеду эътимодро ба фардои неки Ватан ба нумӯъ оварад. Бигзор, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот поянда, ормонҳои волои истиқлолият ва ҳадафхои наҷиби созандагӣ роҳнамои ояндаи неки пиру ҷавони мамлакат гардад! Бигзор истиқлолияти давлати тоҷикон, ки атои худовандӣ ва пайки ҷовидонист, то абад устувору поянда бошад!

-Барои суҳбат ташаккур.

Мавҷуда Анварӣ

 

Июнь 3, 2016 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»
ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД. Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин