Иншооти саноатӣ дар Ёвон то ҷашни Истиқлолият ба истифода дода мешаванд
Душанбе, 3.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. 2 июни соли ҷорӣ муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ёвон аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёдшаванда дидан намуда, аз рафти корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи оҳани «Ваҳдат-Ёвон», ки тибқи нақша, бе ақибмонӣ идома доранд, изҳори қаноатмандӣ кард. Аз ҷумла, корҳои нақбканӣ дар се нақб дар арафаи анҷоёбӣ буда, ҳаҷми корҳои хобонидани релси роҳи оҳан 83,3%-ро ташкил медиҳад ва сохтмони 5 пули дар ин хатсайр бунёдшаванда низ рўзҳои наздик ба анҷом мерасад.
Дар иншооти дигар, аз қабили заводи истеҳсоли сементи «Чунгтсай – Моҳир семент» корҳои васлу насб ба охир расида истодаанд. Тибқи нақша дар назар аст, ки завод бо иқтидори истеҳсолии 1,2 млн. тонна семент дар як сол фаъол гардад. Айни замон дар ин завод пайвастшавӣ бо шабакаҳои барқӣ тавассути зеристгоҳи ба тозагӣ бунёдгардида, дар асоси шартҳои техникии пешбинишуда пурра ба анҷом расонида шудааст.
Дар майдони сохтмонии заводҳои криолит ва фториди алюминий корҳои сохтмонӣ ва васлу насб босуръат идома дорад. Дар заводи истеҳсоли кислотаи сулфат бошад, ақибмонии корҳо ба назар мерасад. Дар робита, муовини Сарвазир ба роҳбари корхона супориши катъӣ дод, ки дар асоси андешидани чораҳои зарурӣ ақибмониро бартараф намуда, масъалаи дар муҳлати пешбинишуда ба истифода додани заводро ҳалу фасл намояд.
Дар назар аст, ки бо ба истифода додани иқтидорҳои нави саноатӣ дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 1700 ҷойи нави корӣ ташкил мегардад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






