Иштирокдорони Бозиҳои олимпии Рио-2016 аз Тоҷикистон ба 10 нафар хоҳанд расид
Душанбе, 09.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. То оғози Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия фурсати кам боқӣ мондааст. Ба ин хотир Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад, ки шумораи иштирокдорони ин бозиҳо аз кишвари мо зиёд гардад. Муҳаммадшо Абдуллоев, директории генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба «Ховар» гуфт:«То ҳол се нафар варзишгарони кишварамон ҳаққи иштирокро дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ба даст оварданд ва мо кӯшиш дорем дар риштаи шиноварӣ 2 квота (1 мард ва 1 зан), дар намуди варзиши сабук 1 квота (зан) ва дар гӯштини тарзи озод як квотаи дигарро соҳиб шавем. Варзишгарони мо боз дар ду мусобиқаи тахассусӣ оид ба варзиши сабук ва бокс барои роҳхатҳои олимпӣ мубориза мебаранд.»
Ба ҳамин тартиб, охирин мусобиқаи литсензионӣ дар риштаи бокс, ки варзишгарони Тоҷикистон барои роҳхатҳои олимпӣ мубориза мебаранд, ин мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс байни мардон аст, ки аз 14-ум то 26-уми июн дар пойтахти Озарбойҷон- шаҳри Боку мегузарад. Ба қавли Муҳаммадшо Абдуллоев, дастаи мунтахаби Тоҷикистон қариб дар ҳамаи вазнҳо ширкат меварзад ва муштзанҳои маъруфи кишвар Ҷаҳон Қурбонов ва Анвар Юнусов, ки таҷрибаи бои ширкат дар бозиҳои олимпиро доранд, имкони хуби ба даст овардани роҳхатҳоро соҳибанд. Агар дар вазни аз 91 кг боло танҳо ғолиб соҳиби роҳхати олимпӣ шавад, пас дар вазнҳои сабуку миёна боксчиёне, ки ҷойҳои аз якум то панҷумро мегиранд, ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016-ро ба даст хоҳанд овард.
Ёдрас мешавем, ки Дилшод Назаров дар гурзпартоӣ, Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар риштаи дзюдо соҳиби литсензияи олимпӣ буда, дар Бозиҳои тобистонаи имсола дар Рио-Де-Жанейрои Бразилия иштирок мекунанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






