Истиқболи Пешвои миллат дар фурудгоҳи шаҳри Тошканд

Июнь 23, 2016 13:54

Душанбе, 23.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. 23 июни соли 2016 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон гардид.

Дар фурудгоҳи Тошканд Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Барои иштирок дар ин ҳамоиш сарони давлатҳою ҳукуматҳои  аъзо ва нозир ба пойтахти кишвари мизбон шаҳри Тошканд ташриф оварданд.

Дар доираи иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони аввали як қатор кишварҳои аъзо ва давлатҳои нозир ба хотири рушду густариши муносибатҳои ҳамкорӣ мулоқоту суҳбатҳои судманд анҷом дод.

Июнь 23, 2016 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд