Кӯдакону наврасони пойтахт бо шодию нишот ба «Боғи кӯдакон» омаданд
Душанбе, 01.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олӣ дар ҷомеа арҷгузорӣ намуда, ҳифзу татбиқи онро аз ҳифзи манфиатҳои насли фардосози ҷомеа-кӯдакону наврасон оғоз мебахшад. Исботи ин гуфтаҳо дар эътироф гардидани Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои кўдак аз ҷониби кишвари Тоҷикистон, қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва таъсиси Институти ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон мебошад»,- зикр гардид дар чорабинии фарҳангӣ-фароғатие, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон имрӯз дар «Боғи кӯдакон»-и Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасон»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Баъди суханронии роҳбарият ва намояндагони мақомоти дахлдор дар фазои тантанавӣ ба ғолибони озмунҳое, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасон»-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ва истиқболи сазовори 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ эълон шуда буданд, бо дипломҳо, ифтихорнома ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Иқдоми нозирони навраси ҳаракати роҳ дар кӯчаҳои марказии пойтахт дар ҳамкорӣ бо шуъбаи БДА раёсати ВКД, чорабинии соати экологӣ дар хиёбони марказии пойтахт бо иштироки дастаҳои ихтиёрии патрулони сабзи шаҳр низ ташкил гардида, дар ҳудуди боғ аз ҷониби муассисаҳои таълимии шаҳр барои кӯдакону наврасон намоиши маҳсулоти қаннодӣ ва хӯришҳои гуногун доир гардид.
Ин чорабинии бошукӯҳро консерти идонаву бозиҳои варзишию зеҳнӣ, маърифатӣ, маҳфилҳои ҷолиби кӯдакона, мусаварраҳо эҷоднамудаи кӯдакону наврасон ва ҳунари дастони мактаббачагони муассисаҳои таълимии пойтахт, аз ҳама ҷолиб хурсандии кӯдакону наврасон ҷилои тоза бахшиданд.
Кӯдакон, ки ганҷинаи бебаҳо ва насли ояндасози ҷомеаи мо мебошанд, ба таваҷҷуҳу ғамхории хосса ниёз доранд. Бо дарки ин маънӣ давлату ҳукумати мамлакат, пеш аз ҳама, Пешвои миллат пайваста ба насли наврас ғамхорӣ зоҳир намуда, масъалаи таълиму тарбияи онҳоро яке аз масъалаҳои муҳими давлат ва ҷомеа арзёбӣ менамояд. Самараи истиқлоли миллӣ ва сиёсати ояндасозу маърифатпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кӯдакону наврасон аст, ки ҳамасола мактабҳои замонавӣ бо шароити мусоиди таълиму тадрис фароҳам карда мешаванд.
Дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо насли наврасро мебояд бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ба омӯхтани илмҳои замонавӣ, забонҳои хориҷӣ ва аз худ кардани касбҳои гуногун машғул шаванд.
























Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид






