Кишоварзони Суғду Хатлон маҳсулоти худро ба сокинони Хоруғ бо нархи арзон пешниҳод карданд

Июнь 21, 2016 14:59

Хоруғ, 21.06.2016 /АМИТ«Ховар»/. Бо супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ ва Президенти кишвар, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ вазифадор шуданд, ки дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ зиёда аз 200 тонна маҳсулоти кишоварзиро ба сокинони маркази ВМКБ дастрас намоянд. Ба мақсади бевосита расондани ин маҳсулот ба дасти сокинон қарор шуд, ки фурӯши онро дар бозорҳои маҳаллаҳои шаҳр ба роҳ гузоранд.
Муовини вазири кишоварзӣ Зеваршо Зеваршоев гуфт, ки аз ин рӯ  4 нуқтаи савдо дар маҳаллаҳои Тирчид, УПД, Хоруғи боло ва ба номи Шириншо Шоҳтемур ташкил намудем.  Нархи ҳамаи намудҳои маҳсулот нисбат ба нархи мағозаву бозорҳои шаҳр 50 фоиз арзон аст.
Ин ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ то рӯзи 28 июн идома меёбад.

Июнь 21, 2016 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад