Конфронс: дар Тоҷикистон Пажӯҳишгоҳи Ваҳдати миллӣ таъсис дода шавад

Июнь 11, 2016 11:53

Хоруғ, 11.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Академияи илмҳои ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии ВМКБ бахшида ба рўзи Ваҳдати миллӣ ва 25- солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар шаҳри Хоруғ конфронси илмӣ баргузор гардид. Дар кори он олимони варзидаи кишвар ширкат варзиданд. Президенти АИ ҶТ Фарҳод Раҳимӣ аз нақши раҳбари кишвар дар таҳкими сулҳу субот, аз парокандашавӣ наҷот додани халқи тоҷик  ва ҷалби мардум ба ободсозии Ватан ҳарф зада гуфт, ки ин ҳама корҳо басо душвор ва ба назари бисёриҳо дар он замон ғайримумкин буданд. Аммо талошу заҳматҳои шабонарўзӣ бо табақаҳои мухталифи ҷомеа ба Сарвари давлати тозабунёд имкон доданд, ки таваҷҷуҳи мардумро  аз танишҳои лафзӣ ва гилаву гузорҳои бемаънӣ ба роҳи бунёдкорию  созандагӣ ва барқарор кардани иқтисоди фурўрафтаи ҷумҳурӣ равона созад.
Ногуфта намонад, ки аз ҳама бештар шаҳди ин ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатиро сокинони Бадахшон чашиданд. Агар Хоруғи имрўзаро бо Хоруғи 25 сол пеш муқоиса кунед, аз замин то осмон фарқ мекунад. Ё роҳҳои заминиро бигирем. Агар бигӯем, ки роҳ аслан вуҷуд надошт, хато намекунем. Роҳе, ки дар зарфи ним сол баста буд, оё онро роҳи иртиботӣ гуфтан ҷоиз аст? Ҳоло мардум дар вақти мувофиқ- чӣ фасли сармову чӣ гармо бемонеа дар ин роҳ рафтуомад доранд. Дар бобати тадқиқоти илмӣ низ вилоят иқтидори хуб дорад ва олимон алъон ба пажӯҳишҳои илмӣ дар ин самт машғуланд ва натиҷаҳои онро дар солҳои наздик хоҳем дид.
Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед аз рушди бонизоми соҳаи иқтисоду иҷтимоъ ҳарф зад ва изҳор намуд, ки бо кумаку дастгирии Пешвои миллат сол аз сол лар ин арсаҳо навгониҳои чашмгир ба назар мерасанд. Агар дар соли 2007 буҷаи хароҷоти вилоят 45 миллиону 700 ҳазор сомониро ташкил медод, дар соли 2015 ин нишондиҳанда ба 207 миллиону 400 ҳазор сомонӣ расид.
Дар ҷараёни конфронс бештар аз 10 маърўза барои муҳокима пешниҳод шуданд. «Пешвои миллат ва раванди ваҳдатофаринии тоҷикон», «Ваҳдати миллӣ-таҷрибаи нодири ҷаҳони муосир», «Истиқлолияти сиёсӣ- таъмини пирӯзии миллат», «Ваҳдати миллӣ ва забони давлатӣ»,ки дар ҳар яке аз инҳо Сарвари давлат нақши калидӣ дошт.
Олимон пешниҳод намуданд, ки барои омӯзиши ҷараёни ташаккули ризояти миллӣ ва истиқрори сулҳ, ҳифзи музаффариятҳои Ваҳдати миллӣ дар кишвар Пажӯҳишгоҳи Ваҳдати миллӣ ва як осорхонаи вижа, ки дар он дастовардҳои ин падидаи муқаддаси миллат нигаҳдорӣ шаванд, таъсис дода шавад.

Июнь 11, 2016 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар шаҳри Бӯстон трансформатори муосир насб гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав таъсис дода шуд