Конфронси илмии «Истиқлолият ва ташаккули нашрияҳои илмӣ-адабӣ» дар Хуҷанд
Душанбе, 3.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ таҳти унвони «Истиқлолият ва ташаккули нашрияҳои илмӣ-адабӣ» баргузор шуд.
Дар конфронс муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ изҳор дошт, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, марҳилаи нави худшиносӣ, рушди илму фарҳанг ва дигар соҳаҳоро ба армуғон овард. Имрӯз фаъолият намудани бештар аз 30 номгӯй маҷаллаҳои илмию адабӣ дар кишвар самараи ғамхориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илму фарҳанг мебошад.
Хамчунин дар конфронс гзикр шуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар охири асри 20 ва ибтидои асри 21 ба дастовардҳое ноил гардид, ки дар гузашта бесобиқа мебошанд. Дар ин давра дар Тоҷикистони соҳибистиқлол низ корҳои муҳим анҷом дода шуданд, ки дар тарғиби он маҷаллаҳои илмӣ-адабӣ нақши бориз доранд.
Баромадкунандагон нақш ва самти фаъолияти маҷаллаҳоро баён намуда, ташкил гардидани Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» ва фаслномаи «Камоли Хуҷандӣ»-ро дар вилояти Суғд ҳамчун воқеи фараҳбахши фарҳангӣ ва ибтикори наҷиб арзёбӣ карданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд






