Кормандони Агентии зиддикоррупсионӣ муовини директори ҶДММ КМ «Зарафшон»-и шаҳри Панҷакентро дастгир намуданд

Июнь 7, 2016 14:51

Душанбе, 07.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини директори ҶДММ КМ «Зарафшон»-и шаҳри Панҷакент Бобо Бобохонов ва менеҷери корхона Қобил Турсуновро барои саркашӣ намудан аз супоридани пардохтҳои ҳатмии экологӣ дастгир намуданд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар доданд, мутахассисони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд аз 20 то 26 январи соли 2015 дар ҶДММ КМ «Зарафшон»-и шаҳри Панҷакент санҷиши комплексии риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист гузаронида, дар натиҷа муайян намуданд, ки шахсони масъули корхона қасдан бо мақсади саркашӣ аз супоридани пардохтҳои ҳатмии экологӣ, дидаю дониста, ки барои партовҳои корхонаи номбурда коэффитсиенти нисбатан баланд муқаррар карда шудааст, ҳисоби пардохтҳои ҳатмии экологии корхонаро барои соли 2014 ба маблағи 561 726 (панҷ саду шасту як ҳазору ҳафтсаду бисту шаш) сомонӣ тартиб дода, дар ин ҳисоб маълумоти таҳрифшуда оид ба паст будани гурӯҳи хатарнокии партовҳо ва коэффитсиентҳои истифодашавандаро ворид намуданд. Баъд аз ташхис аз ҷониби мутахассисони назорати давлатии молиявии агентӣ бо ҷалби коршиносони Маркази ҷумҳуриявии ташхисҳои судӣ-криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои тасдиқ намудани таркиб ва гурӯҳи хатарнокии партовҳои истеҳсолӣ аз полоишгоҳи ҶДММ КМ «Зарафшон»-и шаҳри Панҷакент намунаи партовҳо гирифта шуда, дар як қатор озмоишгоҳҳои корхонаҳои давлатии соҳавии ҷумҳурӣ таҳқиқоти кимиёвӣ гузаронида шуданд.
Дар натиҷаи озмоишҳо маълум гардид, ки дар таркиби ин партовҳо унсурҳои кимиёвии Мис (Cu), Руҳ (Zn), Марги муш (As) Стронсий (Sr), Колбалт (Co) ва Никел (Ni) мавҷуд мебошанд. Мувофиқи фармони Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон партовҳои коркарди маъданҳои кӯҳии корхона, ки дар таркибашон унсурҳои кимиёвии зикршуда мавҷуд мебошанд, ба партовҳои хатарноки гурӯҳи 4-ум мансуб мебошанд. Дар ин асос, мувофиқи санади мутахассиси назорати давлатии молиявии агентӣ аз 04.11.15. ва хулосаи ташхиси комплексии судӣ-муҳосибии маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ифлос кардани муҳити зист дар ҶДММ корхонаи муштараки «Зарафшон»-и шаҳри Панҷакент барои соли 2014 пардохтҳои ҳатмии экологӣ ба маблағи 13 370 917 (сенздаҳ миллиону се саду ҳафтод ҳазору нӯҳсаду ҳабдаҳ) сомонӣ ҳисоб карда шудаанд.
Дар натиҷаи кирдорҳои Бобохонов Бобо Аҳмадхонович ва Турсунов Қобил Дӯсталиевич ба давлат аз ҳисоби саркашӣ аз супоридани пардохтҳои ҳатмӣ зарари махсусан калони моддӣ ба маблағи 13 370 917 (сенздаҳ миллиону се саду ҳафтод ҳазору нӯҳсаду ҳабдаҳ) сомонӣ расонида шудааст.
Нисбат ба Бобохонов Бобо Аҳмадхонович ва Турсунов Қобил Дӯсталиевич бо моддаи 292 қисми 2 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.

Июнь 7, 2016 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!