Кормандони Раёсати АНМН бо рутбаҳо ва медалҳо сарфароз гардонида шуданд
Душанбе, 03.06.16. /АМИТ «Ховар»/.Бахшида ба 17-умин солгарди таъсиси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати агентӣ дар вилояти Суғд чорабинии ҷашнӣ баргузор гардид.
Муовини якуми раиси вилояти Суғд саҳми кормандони Раёсати агентӣ дар вилояти Суғдро дар радифи дигар мақомоти вилоятӣ дар мавриди муқовимати оштинопазир бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъмин намудани фазои амну суботи сиёсӣ дар вилоят ва умуман дар саросари кишварамон шоистаи таҳсин шуморид.
Дар ҷараёни ҷамъомад фармоишоти директори агентӣ доир ба сарфароз гардонидани як идда кормандони раёсат ба рутбаҳои навбатӣ, нишони сарисинагии «Аълочии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», медалҳои ҷашнӣ ва ифтихорномаҳо қироат гардид.
Ҳамчунин бо ширкати ҳайати комиссия ва намояндагони воситаҳои ахбори омма 27 кг 134 грамм мухаддирот, ки аз зиёда аз 16 кг маводи нашъаовари навъи ҳашиш ва зиёда аз 9 кг маводи нашъаовари навъи афюн иборат буд, дар бухории махсус нобуд карда шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






