Коршиносони мақомоти андози ИДМ дар Маскав ҷамъ меоянд
Душанбе, 03.06.2016/АМИТ «Ховар»/. 6 июн дар пойтахти Русия- шаҳри Маскав ҷаласаи коршиносони мақомоти андози кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад Дар ҷаласа дар радифи дигар масъалаҳои вобаста ба тақвияти ҳамкориии мақомоти андози кишварҳои ИДМ, инчунин лоиҳаи Протокол дар бораи табодули итттилоот дар шакли электронӣ байни мақомоти андози кишварҳои ИДМ муҳокима мегардад.
Аз Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҷаласа намояндаи расмии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Ёр Одинаев намояндагӣ мекунад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






