Кумаки Хадамоти гумрук ба мактаб-интернати низомаш махсуси ҷумҳуриявӣ
Душанбе,02.062016/АМИТ «Ховар»/. Хадамоти гумруки кишвар дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба мактаб-интернати низомаш махсуси ҷумҳуриявӣ, воқеъ дар деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор кумак расонд. Ин кумак иборат аз фаршҳои долонӣ бо масоҳати беш аз 600 метри мураббаъ буда, инчунин аз ҷониби Хадамоти гумрук дар арафаи Рӯзи байналмилалии кӯдакон долонҳои таълимгоҳи номбурда пурра таъмир гардиданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар мактаб-интернати низомаш махсуси ҷумҳуриявӣ беш аз 380 нафар кӯдакони маъюб ба таълим ва тарбия фаро гирифта шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки мактаб-интернати низомаш махсуси ҷумҳуриявиро дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз соли 2014 инҷониб сарпарастӣ намуда, дар арафаи иду ҷашнҳо ба тарбиятгирандагони ин таълимгоҳ пайваста кумак мерасонад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






