Кумаки Пешвои миллат ба зиёда аз 5 ҳазор сокини ВМКБ

Июнь 3, 2016 16:21

Хоруғ, 3.06.2016 /АМИТ «Ховар/. Як гурӯҳ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар зимни сафари хизматӣ ба шаҳру навоҳии ВМКБ ба табақаҳои мухталифи ниёзманд кумаки яквақтаи Пешвои миллатро тақдим намуданд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа изҳор дошт, ки ҳадафи сафари ҳайати корӣ ба табақаҳои ниёзманд супурдани кумакҳои Сарвари давлат мебошад. Ин навбат  ба 5 ҳазору 371 нафар дар ҳаҷми як ҳазор сомонӣ кумаки пулӣ расонида мешавад.
Аз ҷумла, 108 нафар ятимони то 18- сола, 683 нафар маъюбони гурӯҳи якум, 3 ҳазору 285 нафар маъюбони гурӯҳи дуюм, 976 нафар кӯдакони маъюб, 192 нафар собиқадорону шахсони танҳо ва 117 нафар иштирокдорони садамаи Чернобил аз ин кумакҳо бархурдор мешаванд.

Июнь 3, 2016 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд