Кумитаи байналмилалии олимпӣ макони баргузории Олимпиада 2024-ро баррасӣ мекунад

Июнь 9, 2016 10:19

Душанбе, 09.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Кумитаи байналмиллалии олимпӣ дархости Будапешт, Лос-Анҷелес, Париж ва Римро ҷиҳати баргузории Бозиҳои тобистонаи Олимпӣ-  2024 дар хоки онҳо пазируфт. Ҳамаи чор довталаб дар даври дуюми интихобот барои ба даст овардани ҳуқуқи баргузории бозиҳои олимпӣ мубориза хоҳанд бурд. Қабули дархостҳо аз шаҳрҳои довталаб 15-уми сентябри соли 2015 ба анҷом расида буд. Баъдан даври аввали интихобот баргузор гардид. Дар доираи талаботи Кумитаи байналмилалии олимпӣ, довталабон дар ҳуҷҷатҳояшон диди худро ҷиҳати баргузории бозиҳо ва консепсияву стратегия пешниҳод намуда буданд. Гурӯҳи корӣ ҳамаи ҳуҷҷатҳоро таҳлил намуда, ҳисоботи худро ба кумитаи иҷроияи КБО пешниҳод намуд.
Дар доираи даври дуюм омӯзишҳои гуногун барои шаҳрҳои довталаб ва кумитаҳои маҳаллии олимпӣ гузаронида мешаванд. 7-уми октябри соли 2016 муҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо аз ҷониби довлатабон мебошад, ки дар ин ҳуҷҷат онҳо масъалаҳои идоракунӣ, ҳуқуқӣ ва молиявиро дарҷ мекунанд. Моҳҳои октябр-ноябр гурӯҳи кории комиссияи баҳодиҳӣ таъйин мегардад.
Комиссияи мазкур ҳуҷҷатҳоро таҳлил намуда, ҳисоботи худро ба кумитаи иҷроияи КБО пешниҳод месозад. Моҳи декабр Кумитаи байналмилалии олимпӣ довталабонеро, ки ба даври дигари интихобӣ мегузаранд, эълон мекунад. Қарори ниҳоӣ ҷиҳати интихоби макони баргузории Бозиҳои олимпӣ-2024 бояд 15-уми сентябри соли 2017 дар сесияи 130-юми Кумитаи байналмилалии олимпӣ, ки дар шаҳри Лимаи Перу баргузор мегардад, қабул карда шавад.

Июнь 9, 2016 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд