Кумитаи байналмилалии олимпӣ макони баргузории Олимпиада 2024-ро баррасӣ мекунад
Душанбе, 09.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи байналмиллалии олимпӣ дархости Будапешт, Лос-Анҷелес, Париж ва Римро ҷиҳати баргузории Бозиҳои тобистонаи Олимпӣ- 2024 дар хоки онҳо пазируфт. Ҳамаи чор довталаб дар даври дуюми интихобот барои ба даст овардани ҳуқуқи баргузории бозиҳои олимпӣ мубориза хоҳанд бурд. Қабули дархостҳо аз шаҳрҳои довталаб 15-уми сентябри соли 2015 ба анҷом расида буд. Баъдан даври аввали интихобот баргузор гардид. Дар доираи талаботи Кумитаи байналмилалии олимпӣ, довталабон дар ҳуҷҷатҳояшон диди худро ҷиҳати баргузории бозиҳо ва консепсияву стратегия пешниҳод намуда буданд. Гурӯҳи корӣ ҳамаи ҳуҷҷатҳоро таҳлил намуда, ҳисоботи худро ба кумитаи иҷроияи КБО пешниҳод намуд.
Дар доираи даври дуюм омӯзишҳои гуногун барои шаҳрҳои довталаб ва кумитаҳои маҳаллии олимпӣ гузаронида мешаванд. 7-уми октябри соли 2016 муҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо аз ҷониби довлатабон мебошад, ки дар ин ҳуҷҷат онҳо масъалаҳои идоракунӣ, ҳуқуқӣ ва молиявиро дарҷ мекунанд. Моҳҳои октябр-ноябр гурӯҳи кории комиссияи баҳодиҳӣ таъйин мегардад.
Комиссияи мазкур ҳуҷҷатҳоро таҳлил намуда, ҳисоботи худро ба кумитаи иҷроияи КБО пешниҳод месозад. Моҳи декабр Кумитаи байналмилалии олимпӣ довталабонеро, ки ба даври дигари интихобӣ мегузаранд, эълон мекунад. Қарори ниҳоӣ ҷиҳати интихоби макони баргузории Бозиҳои олимпӣ-2024 бояд 15-уми сентябри соли 2017 дар сесияи 130-юми Кумитаи байналмилалии олимпӣ, ки дар шаҳри Лимаи Перу баргузор мегардад, қабул карда шавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






