Курси таълимӣ барои нигоҳдорӣ ва таъмири чорчархаҳои Поларис барои корманди пулиси сарҳадии Афғонистон
Душанбе, 07.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Курси таълимӣ барои нигоҳдорӣ ва таъмири чорчархаҳои Поларис (мошинҳои ҳарҷогард) барои 12 корманди пулиси сарҳадии Афғонистон баргузор гардид. Дар ин бора гузориши лоиҳаи БОМНАФ (Идораи марзҳо дар шимоли Афғонистон) вобаста ба БРСММ (Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид) ва Иттиҳоди Аврупо иттилоъ медиҳад.
Чун як ҳадафи лоиҳаи БОМНАФ тақвият додани зарфияти идоракунии сарҳадот дар марзҳои Афғонистон бо Осиёи Марказӣ дар баробари ташвиқи мубодила ва тиҷорати қонунии сарҳадӣ мебошад, ҳамаи чорчархаҳои ҳарҷогард аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ба баҳрагирон тақдим карда шуданд. То ҳоли ҳозир, зарфияти одамони омӯзишдида дар Афғонистон дар сатҳи паст қарор дорад ва ниёз барои дониши механикӣ дар миёни идораҳои сарҳадии Афғонистон боиси эҷоди монеаҳо барои нигоҳдорӣ ва таъмири мошинҳо шудааст. Шарикони бахши омӯзишии Лоиҳа Пит Соузерн ва Дай Эванс, коршиносони салоҳиятдори Поларис аз Британияи Кабир, се курси ҷудогонаи омӯзишӣ дар мавриди маҳоратҳои асосии нигоҳдорӣ баргузор намуданд ва ин ҳафта онҳо барои баргузории семинари омӯзишии якҳафтаина ба Душанбе бозгаштанд. Иштирокдорони курс имкон доштанд як қатор мушкилот ва нуқсонҳоро дар 11 чорчархаи шикаста, харобшуда ва аз кормонда ташхис ва таъмир намоянд, ки аз қитъаҳои пулиси сарҳадии Афғонистон ба анборҳои лоиҳа дар шаҳри Душанбе интиқол дода шуда буданд.
Дар маросими хотимаёбӣ ба ҳамаи донишомӯзон шаҳодатнома, СД-и дорои дастурҳои амниятӣ ва нигоҳдории чорчарха, маҷмӯи касбии калидҳо барои кумак дар оянда дода шуд.








Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад






