Лионел Мессӣ ба зиндон меравад?

Июнь 2, 2016 14:47

Душанбе, 02.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Додгоҳи Барселона муҳокимаи парвандаи саркашии ситораи футбол Лионел Мессиро аз супурдани андоз оғоз кард. Мессии 28-сола  ҳамроҳ  бо  падараш бо он муттаҳам мешавад, ки дар солҳои 2007-2009 дар минтақаҳои офшор ширкатҳои қалбакӣ таъсис дода, аз даромади  умумии  тахминан 4,1 миллион евро як сент молиёт насупурдаанд. Дар рӯзи аввали муҳокима Мессӣ ва падараш ҳузур надоштанд. Дар ҳоли собит шудани гуноҳ: Лионел Мессӣ ва падараш метавонанд ба муддати 22 моҳ аз озодӣ маҳрум шаванд.
Чанде пеш Мессӣ гуфта буд, ки назорати сармояҳояшро ба падараш супурдааст ва иттилоъ надоштааст, ки ӯ бо пулҳояш чӣ кор мекунад? Баъзе ҳаводорони Мессӣ бовар доранд, ки ин ситораи аргентинии футбол воқеан бегуноҳ аст. Дигарон мегӯянд, ки ҳатто дар сурати собит шудани гуноҳи Мессӣ, меҳри онҳо ба ин футболбоз кам намешавад.
Дар гузашта низ чунин ҳодисаҳои саркашии ситораҳои варзиш аз андозсупорӣ ҷой доштааст.
Беҳтарин теннисбози солҳои 1990-ум Штефӣ Графф бо айбномаи саркашӣ аз супурдани андоз муттаҳам шуд, вале он замон падараш тамоми ҷурмро ба гардан гирифта, бар иловаи супурдани ҷарима муддате зиндонӣ ҳам шуда буд.

Июнь 2, 2016 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст