Маҳаллаи беҳтарини шаҳри Ваҳдат муайян гардид
Ваҳдат, 15.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Маҳаллаи Ҳуснободи ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат дар марҳилаи аввали Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ доир ба муайян намудани маҳаллаи беҳтарин дар шаҳри Ваҳдат сазовори ҷойи аввал гардид.
Шумораи аҳолии маҳаллаи Ҳуснобод 2 ҳазору 317 нафарро ташкил медиҳад ва соҳибкорони маҳалла барои ободонӣ ва созандагии он саҳми калон мегузоранд. Аз ҷумла, дар 2 соли охир аз ҷониби онҳо боғчаи кӯдаконаи «Бону» барои 150 ҷой, боғчаи кӯдаконаи «Марям» барои 100 ҷой, толори варзишии пӯшида барои намудҳои гуногуни варзиш, як дорухона ва мағозаву дигар иншооти хизматрасонӣ ба истифода дода шудаанд.
Дар ҳудуди деҳа беморхонаи минтақавии №3 ва маркази саломатии деҳот, инчунин мактаби калони замонавӣ барои 1 ҳазору 270 хонанда дар як баст амал менамоянд. Дар маҳалла 2 майдони варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол ҷойгир шудаанд, ки дар онҳо мунтазам чорабиниҳои варзишӣ гузаронида мешаванд.
Аҳолии маҳалла бо оби нӯшокӣ таъмин мебошанд. Бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони маҳалла гузаргоҳҳо ва роҳравҳои маҳалларо сангфарш намудаанд.
Аҳолии маҳалла, махсусан ҷавонон дар омода намудан ва гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ ва корҳои ҷамъиятӣ фаъол мебошанд








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






