Маҳбуси фирорӣ безарар гардонида шуд

Июнь 20, 2016 09:08

Душанбе, 20.06.16. /АМИТ«Ховар»/. Дирӯз, 19 июн дар натиҷаи гузаронидани амалиёти якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд маҳбуси фирорӣ Додохонов Рамзуллохон Ҷӯрабоевич ҳангоми муқовимати мусаллаҳона нишон додан, аз силоҳи оташфишон аз ҷониби мақомоти мазкур  безарар гардонида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар доданд.
Ёдовар мешавем, ки 17 июн аз муассисаи ислоҳии 3/3 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии  Вазорати  адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  воқеъ дар  шаҳри Хуҷанд 3 нафар маҳбусон, аз ҷумла,  Додохонов Рамзуллохон  Ҷӯрабоевич, Юсупов Ҳабибҷон Анварович ва Қаюмов Мирзозариф Мирзошарифович  бо маслиҳати пешакӣ кӯшиши фирор аз муассисаи ислоҳиро намуданд. Ҳангоми фирор якеи аз онҳо Қаюмов М.М. дар ҷои ҳодиса аз тарафи посбонони муассиса бо истифодаи силоҳи оташфишон нобуд карда шуд.
Ҳ. Н. Юсупов бо зарари вазнини ҷисмонӣ дастгир карда шуд, Додохонов Р.Ҷ. баъди зарари ҷисмонӣ бардоштан аз ҷои ҳодиса ғайб зада буд.

Июнь 20, 2016 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид