Маъмурияти дипломатии кордори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ба поён расид
Душанбе, 01.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. 31 маи соли 2016 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов кордори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамза Бахит ал-Ҳарбиро бино бар ба поён расидани маъмурияти дипломатияш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат ҷонибҳо аз рушди бемайлони муносибатҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, бар идомаи талошҳои муштарак ҷиҳати иҷрои амалии тавофуқҳое, ки дар натиҷаи музокироти сатҳи олии ду кишвар моҳи январи соли равон дар Риёз ҳосил шуданд, таъкид карданд.
С.Аслов кордори Шоҳигарии Арабистони Саудиро барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзандааш дар рушду таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ бо Ифтихорномаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






