Маросими ифтитоҳи кӯли «Ҷавонон» дар Бохтар

Июнь 13, 2016 15:48

Қурғонтеппа, 13.06.2016 /АМИТ Ховар/. Бахшида ба  25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  19- солагии  Ваҳдати миллӣ дар  ноҳияи  Бохтари вилояти  Хатлон  кӯли «Ҷавонон»  ба  истифода  дода  шуд. Дар  маросими ифтитоҳи кӯл  раиси  вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ  иштирок  намуда,  гуфт, ки  ин  кӯл  солҳои охир мутаассифона,  фаъолият намекард. Зикр шуд, ки ташкил кардани ҳавзҳои шиноварӣ  ҷиҳати фароғати аҳолӣ ва  махсусан  ҷавонон  ва наврасон муҳим мебошад ва  он яке  аз омилҳои рушди  ҳаёти солим ба  ҳисоб меравад.
Аз  рӯи  маълумот  дар Хатлон  22 боғи   фарҳангӣ-фароғатӣ бо бозиҳои дилхушкунанда  муҷаҳҳаз  буда, 17  маркази ҷавонон ва 24  ҳавзи шиноварӣ барқарор ва  сохта  шудаанд, ки ҳоло мавриди истифода  қарор доранд.

Июнь 13, 2016 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст