Машқҳои наҷотдиҳандагони байнисарҳадӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон

Июнь 4, 2016 12:16

          Душанбе, 4.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. 2 июни соли равон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд вохурии дуюми минтақавӣ оид ба омодагӣ ба машқи байнисарҳадӣ миёни наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Қирғизистон доир гардид.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба табодули иттилооту таҷриба миёни ҳампешагон, бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда дар минтақаҳои назди сарҳадӣ, расонидани кӯмакҳо бо ҷалби наҷотдиҳандагони касӣ мувофиқ ба мавзеи ҷуғрофии ҳолати фавқулоддаи баамаломада ва дигар масоили вобаста ба тақвияти ҳамкориҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамзамон ҷонибҳо оид ба гузаронидани машқи байнисарҳадӣ миёни наҷотдиҳандагони ҳарду кишвар ба мувофиқа омода, нақшаи баргузории машқи мазкурро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Июнь 4, 2016 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад