Машваратчиёни Барномаи ИА оид ба мусоидат дар идораи сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) ба Тоҷикистон меоянд

Июнь 2, 2016 08:47

Душанбе, 02.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Иттиҳоди Аврупо мусоидатро ба чорабиниҳо оид ба бехатарии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ идома медиҳад.
Ҳамин тариқ, дар чаҳорчӯбаи Барномаи мусоидат ба идораи сарҳалот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) ташрифи машваратии коршиносони барномаи мазкур ба шаҳри Душанбе доир ба масоили идоракунии убури муҳоҷирон дар сарҳад  1 июни 2016 сол оғоз гардид.
Сафари мазкур дар шакли омехтаи омӯзиш ва суҳбат бо иштироки коршиносони аврупоӣ аз Хадамоти давлатии сарҳадии Ҷумҳурии Латвия ва Хадамоти ҳифзи сарҳад ва иммигратсияи Португалия аз як тараф, ва аз тарафи дигар мутахассисони миллии Тоҷикистон дар соҳаи хариду фурӯши одамон ва реадмиссия баргузор мегардад. Аз ҷониби Тоҷикистон дар чорабинии мазкур намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ширкат меварзанд.
Ҳадафии асосии  боздид- ин мавриди муҳокимаи судманд қарор додани қонунгузории дохилӣ бо назардошти таҷрибаи байналхалқӣ дар масоили идораи гурӯҳҳои осебпазири муҳоҷирон, ки аз сарҳади давлатӣ убур мекунанд ва шинос шудан бо қонунгузории давлатҳои Иттиҳоди Аврупо дар ин самт мебошад. Иштирокдорони чорабинии мазкур таҷрибаи пешқадами давлатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро оид ба пешгирӣ намудани хариду фурӯш ва қочоқи одамон ҳангоми убури сарҳад баррасӣ намуда, инчунин таҷрибаи босамари Иттиҳоди Аврупоро дар самти реадмиссия мавриди мубодилаи афкор қарор хоҳанд дод.
Дар асоси мулоҳизот ва табодули андешаҳо бо мутахассисони миллӣ коршиносони Иттиҳоди Аврупо тавсияҳои дахлдорро баҳри мукаммал гардонидани қисмҳои алоҳидаи қонунгузории миллӣ оид ба идораи гурӯҳҳои осебпазири муҳоҷирон ҳангоми убури сарҳад ва реадмиссия мутобиқи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ пешниҳод хоҳанд кард.

Июнь 2, 2016 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад