Масъулини соҳаи маориф: «Гузариш ба низоми таълими салоҳиятнок ба баланд бардоштани сифати таҳсил равона шудааст»
Душанбе, 22. 06.16. /АМИТ «Ховар»/. — Ислоҳот дар соҳаи маориф зина ба зина рушд мекунад. Вазорати маориф ва илми кишвар бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафҳоеро мавриди омўзиш қарор медиҳад, ки ҳар кадом афзалиятнок ва калидӣ будани соҳаро бори дигар собит месозанд, -гуфт муовини аввали вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев дар маросими муаррифии натиҷаҳои озмоиши стандартҳои фанҳои забони модарӣ ва математикаи синфҳои 1-4 (соли таҳсили 2015-2016), ки бо иштироки намояндагони масъули вазорат, зерсохторҳо ва созмонҳои байналмилалию омўзгорони мактабҳои миёна дар Вазорати маориф ва илм сурат гирифт. -Яке аз чунин иқдомҳо гузариш ба низоми таълими салоҳиятнок аст, ки дар доираи марҳилаи чоруми Лоиҳаи гранти шарикии ҷаҳонии таҳсилот (ГПО-4) пеш гирифта шудааст.
Зикр гардид, ки ҳамкории пайвастаи Вазорати маориф ва илм тӯли чанд соли охир бо Бонки осиёгии рушд, Иттиҳоди Аврупо, ЮСАИД, Фонди каталикӣ ва дигар созмонҳо дар роҳи ислоҳоти маориф натиҷаҳои дилхоҳ ба бор овардаанд.
Дар робита ба ин, директори Пажўҳишгоҳи рушди маорифи Тоҷикистон Шарифмурод Исрофилниё доир ба талаботи замон будани таълими салоҳиятнок, таваҷҷуҳи роҳбарияти соҳа ва шавқмандии омўзгорону хонандагон ба ин низом сухан кард. Мушовирони Лоиҳаи гранти шарикии ҷаҳонии таҳсилот, марҳилаи чорум (ГПО-4) Файзиддин Ниёзов ва Асрор Алиев дар робита ба тафсири раванди озмоиши стандартҳои фанҳои забони модарӣ ва математика дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ, натиҷаҳои оморӣ оид ба озмоиш ва таҳлили натиҷаҳо иттилоъ доданд.
Муовини вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ зикр кард, ки барои ба низоми нави таҳсилот гузаштани муассисаҳои таҳсилоти миёна Вазорати маориф ва илм ҳанўз чанд сол пеш иқдом гирифта буд.
-Таълими салоҳиятнок бо мақсади ҳалли масъалаҳои мушаххаси ҳаётӣ (иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ), маърифатӣ ва касбӣ равона карда шуда, барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омода намудани шогирдони сазовор ва ҳаматарафа инкишофёфта нигаронида шудааст,- зикр кард Латофат Назирӣ. Аз ин рў, барои бомуваффақият гузаштани озмоиши мазкур моро мебояд ҳарчи зудтар ва ҷиддитар омодагӣ гирем.
Раҳматулло Мирбобоев таъкид намуд, ки ин низом дар натиҷаи ҳамкории Вазорати маориф ва илм бо як зумра созмонҳо ба мо муяссар гашта, дар шароити кунунӣ дастоварди хубест.











13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






