Маводи мухаддир танҳо бадбахтӣ меорад
Душанбе, 21.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи мухаддир бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Сарбанд, Раёсати Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон дар майдони марказии шаҳр чорабинӣ бо иштироки ҷавонону наврасон доир гардид.
Масъулин дар мавзӯи ба нашъамандӣ даст задани ҷавонону наврасон ва оқибатҳои он зикр намуданд, ки дар натиҷаи ба ин вабои аср гирифтор гардидан дар ҷумҳурӣ даҳҳо нафар ҷавонон ҳаёти хешро зери хатар гузоштанд ва барои баъзеҳо боиси марг мегардад. Дар натиҷаи гирифтории ҷавонон ба нашъамандӣ даҳҳо оилаҳои ҷавон вайрон гардида, боиси бадбахтии занону фарзандон ва волидайни онҳо мегарданд.
Намояндаи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон ҷавонони шаҳрро ба тарзи ҳаёти солим даъват намуда, зикр намуд, ки яке аз роҳҳои пешгирӣ аз ин амали номатлуб машғул шудан ба варзиш ва омӯзиши касбу ҳунар мебошад.
Сипас бахшида ба Рӯзи мубориза бар зидди маводи нашъадор ҳамоиши «Мототсиклронӣ» доир гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






