Маводи мухаддир танҳо бадбахтӣ меорад

Июнь 21, 2016 09:37

Душанбе, 21.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи мухаддир бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Сарбанд, Раёсати Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон дар майдони марказии шаҳр чорабинӣ бо   иштироки ҷавонону наврасон  доир гардид.
Масъулин  дар мавзӯи  ба нашъамандӣ даст задани  ҷавонону наврасон  ва оқибатҳои он  зикр намуданд, ки дар натиҷаи ба ин вабои аср гирифтор гардидан дар ҷумҳурӣ  даҳҳо нафар ҷавонон  ҳаёти хешро зери хатар гузоштанд ва барои баъзеҳо   боиси марг мегардад. Дар натиҷаи гирифтории ҷавонон ба нашъамандӣ  даҳҳо оилаҳои ҷавон вайрон гардида, боиси бадбахтии занону фарзандон ва волидайни онҳо мегарданд.
Намояндаи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон ҷавонони шаҳрро ба  тарзи ҳаёти солим даъват намуда, зикр намуд, ки  яке аз роҳҳои пешгирӣ аз ин амали номатлуб машғул шудан ба варзиш ва омӯзиши касбу ҳунар мебошад.
Сипас бахшида ба Рӯзи мубориза бар зидди маводи нашъадор ҳамоиши  «Мототсиклронӣ» доир гардид.

Июнь 21, 2016 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар