МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» фаъолияти худро тақвият мебахшад

Июнь 3, 2016 11:30

Душанбе, 03.06.2016. /АМИТ «Ховар»/.   Бо мақсади баррасии масъалаҳои вобаста ба танзими раванди муҳоҷират, таъмини муҳоҷирати бехатар ва бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа, ҳамчунин тарбияи мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ бо пешниҳоди МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд дар Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд машварати корӣ доир гардид.
Ёдовар мешавем, ки муассисаи давлатии мазкур дар маркази вилояти Суғд соли равон фаъол гардид.
Тавре ки аз Хадамоти муҳоҷират иттилоъ доданд, Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд фаъолияти худро дар ҳамкории зич бо раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират ва Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо ва субъектҳои хоҷагидор ба роҳ мондааст.
Дар машварати кории доиршуда сарвари муассиса Зоҳидҷон Қурбонов барои беҳбудии кор пешниҳодҳои мушаххас кард.

Июнь 3, 2016 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад