«Мо кӯдакони хушбахти диёр» — маҳфил бахшида ба Рӯзи байналхалқии муҳофизати кӯдакон
Деваштич, 2.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Мо кӯдакони хушбахти диёр»- таҳти чунин унвон силсилаи чорабиниҳои аз ҷониби ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ноҳияи Деваштич гузаронида шуд.
Чорабиниҳои идона бахшида ба Рӯзи байналхалқии муҳофизати кӯдакон дар муассисаҳои томактабии навбунёди рақами 6-и деҳаи Басманда ва рақами 7-и деҳаи Ғазантараки ноҳия гузаронида шуда, кӯдакон бо шавқу рағбат ва шодию сурури беамсоли худ дар васфи падару модар, Пешвои миллат, Тоҷикистон ва дар васфи кӯдакистону диёри худ шеъру сурудҳо хонданд. Бахусус он саҳначаҳое, ки бобати «Соли фарди солим» ва «Қарзи ҳифзи Ватан» намоиш дода шуданд, басо хотирмону воқеӣ буда, гувоҳи ҳамчун фарзандони солиму вафодор ва садоқатманди меҳани худ ба воя расидани онҳо буд.
Сарварони муассисаҳои тозабунёд Раҳматулло Ёров ва Маърифат Тоҷиева бо ҷомеаи меҳнатӣ баҳри дар амал ҷорӣ намудани дастуру нишондодҳои маорифпарварона ва ғамхоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшишу малакаи худро бо бунёду пешбурди фаъолияти муассиса сарф намуда, кӯдаконро дар рӯҳияи хештаншиносиву ватанпарастӣ ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои пурарзиши Истиқлолияти давлативу миллӣ тарбия намуда истодаанд.
Дар ҷамъомад ба кӯдакону мураббияҳо ва ба муассисаҳои томактабӣ туҳфаю дастовезҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич ва шуъбаи маорифи ноҳия супорида шуданд.











Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






