Муқовимат ба савдои одамон: нақши консулгариҳо ва сафоратҳои Тоҷикистон
Душанбе, 01.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Савдои одамон як навъ ғуломдории замони муосир буда, ҳадаф аз он истисмори корӣ, шаҳвонӣ ва ё бардоштани манфиати молӣ аз хариду фурӯши инсон мебошад», — чунин гуфта шуд зимни ифтитоҳи семинари омӯзишӣ, ки субҳи имрӯз дар Душанбе дар толори Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон оғоз гардид.
Семинари мазкур бо ташаббуси Созмони байналмилалии муҳоҷират, Департаменти давлатии ИМА (шуъбаи назорат ва мубориза бо савдои одамон) ва дастгирии Вазорати корҳои хориҷии мамлакат баргузор шуда, дар он кормандони сафорату консулгариҳои Тоҷикистон, ки дар кишварҳои хориҷӣ фаъолият мекунанд, иштирок доранд.
Дар назар дошта шудааст, ки иштирокдорони семинари омӯзишӣ бо қонунгузориҳои миллӣ ва санадҳои байналмилалие, ки ба муқобили савдои одамон равона шудаанд, ҳамчунин бо чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди ин зуҳуроти ташвишовар ва таҷрибаи ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон дар ин самт шинос мешаванд.
Дар ҷараёни семинар коршиносони маҳаллӣ нақши ҳайати дипломатиро дар мубориза ба савдои одамон шарҳ дода, иштирокдоронро бо равандҳои нави ҳимоя намудан, муайян ва бозгардонидани қурбониёни ин тиҷорат, расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва равонӣ ба онҳо ошно месозанд.
Мавриди зикр аст, ки тиҷорати одамон ҷинояти фаромарзӣ мебошад ва қурбониёни ин навъ ҷиноят дар дигар кишварҳо қарор дошта, ба дастгирии кормандони сафоратҳо, консулгариҳо ва хадамоти муҳоҷират ниёз доранд. Маҳз кормандони ин сохторҳо дар раҳоии одамон аз асорат, наҷот додани онҳо, ҷараёни сарнавишту ҳаёти минбаъдаи онҳо нақши мусбат метавонанд дошта бошанд.
Семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Нақши муассисаҳои дипломатӣ ва консулгарӣ дар муқовимат ба савдои одамон» тӯли ду рӯз идома меёбад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад






