Муқовимат ба савдои одамон: нақши консулгариҳо ва сафоратҳои Тоҷикистон

Июнь 1, 2016 11:26

Душанбе, 01.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Савдои одамон як навъ ғуломдории замони муосир буда, ҳадаф аз он истисмори корӣ, шаҳвонӣ ва ё бардоштани манфиати молӣ аз хариду фурӯши инсон мебошад», — чунин гуфта шуд зимни ифтитоҳи семинари омӯзишӣ, ки субҳи имрӯз дар Душанбе дар толори Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон оғоз гардид.
Семинари мазкур бо ташаббуси Созмони байналмилалии муҳоҷират, Департаменти давлатии ИМА (шуъбаи назорат ва мубориза бо савдои одамон) ва дастгирии Вазорати корҳои хориҷии мамлакат баргузор шуда, дар он кормандони сафорату консулгариҳои Тоҷикистон, ки дар кишварҳои хориҷӣ фаъолият мекунанд, иштирок доранд.
Дар назар дошта шудааст, ки иштирокдорони семинари омӯзишӣ бо қонунгузориҳои миллӣ ва санадҳои байналмилалие, ки ба муқобили савдои одамон равона шудаанд, ҳамчунин бо чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди  ин зуҳуроти ташвишовар ва таҷрибаи ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон дар ин самт шинос мешаванд.
Дар ҷараёни семинар коршиносони маҳаллӣ нақши ҳайати дипломатиро дар мубориза ба савдои одамон шарҳ дода, иштирокдоронро бо равандҳои нави ҳимоя намудан, муайян ва бозгардонидани қурбониёни ин тиҷорат, расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва равонӣ ба онҳо ошно месозанд.
Мавриди зикр аст, ки тиҷорати одамон ҷинояти фаромарзӣ мебошад ва қурбониёни ин навъ ҷиноят дар дигар кишварҳо қарор дошта, ба дастгирии кормандони сафоратҳо, консулгариҳо ва хадамоти муҳоҷират ниёз доранд. Маҳз кормандони ин сохторҳо дар раҳоии одамон аз асорат, наҷот додани онҳо, ҷараёни сарнавишту ҳаёти минбаъдаи онҳо нақши мусбат метавонанд дошта бошанд.
Семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Нақши муассисаҳои дипломатӣ ва консулгарӣ дар муқовимат ба савдои одамон» тӯли ду рӯз идома меёбад.

Июнь 1, 2016 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид