Мулоқот бо намояндаи Федератсияи байналмилалии теннис дар КМО Тоҷикистон

Июнь 6, 2016 17:12

Душанбе, 06.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мулоқоти котиби генералии КМО ҶТ Баҳрулло Раҷабалиев бо корманди шуъбаи байналмилалии Федератсияи байналмилалии теннис (ITF) Амир Боргҳей баргузор шуд. Баҳрулло Раҷабалиев дар бораи дастовардҳои теннисбозони тоҷик иттилоъ дод.  Ӯ гуфт, ки ба рушди намуди маъмули олимпӣ-  теннис дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Ҳамасола дар шаҳри Душанбе мусобиқаи теннисбозони наврас барои Ҷоми Президенти Тоҷикистон барпо мегардад. Мусобиқаи имсола моҳи сентябр доир хоҳад шуд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон моҳи октябри соли равон давраи бозомӯзии техникии дараҷаи аввалро барои мураббиёни теннис ба нақша гирифтааст. Инчунин соли 2017 КМО ҶТ ва Федератсияи байналмилалии теннис ният доранд, ки марҳилаи муқаддамотӣ ва минтақавии қаҳрамонии ҷаҳон оид ба теннис барои Ҷоми Девисро дар Тоҷикистон баргузор намоянд, — иброз дошт Баҳрулло Раҷабалиев.
Зимни мулоқот Амир Боргҳей дар бастагӣ ба Ҷоми Президенти Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки барои тайёрии хуби теннисбозони тоҷик ба ин мусобиқа, Федератсияи байналмилалии теннис (ITF) баргузории мусобиқаи наврасонро дар Душанбе ба нақша гирифтааст.
Баҳрулло Раҷабалиев гуфт, ки КМО ҶТ ин пешниҳодро бо хушнудӣ истиқбол ва дастгирӣ менамояд.
Дар охири мулоқот ба Амир Боргҳей туҳфаҳои хотиравии КМО ҶТ тақдим шуд.
Дар мулоқот президенти Федератсияи тенниси Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Саидов, ноибони президенти ин федератсия Фарҳод Саидов, Раҳматулло Раҷабалиев, Анвар Раҳматов ва котиби генералии федератсия Мирҳусейн Яҳёев ширкат доштанд.

Июнь 6, 2016 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд