Мулоқоти И. Қосимзода бо занони вилояти Суғд

Июнь 14, 2016 09:53

Душанбе, 14.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.    Бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малака ва саҳми занон дар рушди кишвар ва ҷабҳаҳои гуногуни фаъолияти онҳо дар ҷомеа раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул  Қосимзода аз 7 то 11 июн бо фаъолзанони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Панҷакент, Ашт ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд мулоқот намуд.
Раиси  кумита инчунин  бо шароити зиндагии занон  дар маҳалҳо аз наздик шинос гашт.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти кумита хабар доданд,   вохӯриҳо бо иштироки васеи намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои номбурда, шахсони барӯманд, раисони ҷамоатҳо, сарварони мактабҳо, занони фаъол ва хонанишин баргузор гардида, зимни вохӯриҳо аз ҷониби иштирокдорон оид ба масъалаҳои баррасигардида, фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳодот манзур гаштанд.

Июнь 14, 2016 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид