Мулоқоти Пешвои миллат бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин
Душанбе, 23.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. 23 июн Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот кард.
Дар ҷараёни вохӯрӣ маҷмуъи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Чин дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ гардид.
Аз сатҳи рушду густариши ҳамкорӣ, ки бо талошҳои муштарак ба даст меоянд, изҳори қаноат карда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки таҳкими муносибатҳои стратегию шарикӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии давлати мо боқӣ хоҳад монд.
Ҷонибҳо рушди бемайлони ҳамкории гуногунҷанбаро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ — техникӣ ва гуманитарӣ омили муҳими таъмини сулҳу субот дар минтақа арзёбӣ карданд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои таҳкиму густариши робитаҳо дар бахшҳои иқтисодӣ, энергетика, ҷалби сармоя барои пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон, фаъолияти корхонаҳои муштарак, ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ ба хотири содироти ҳарчи бештари маҳсулоти кишоварзӣ ба Чин ва дигар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд баррасӣ карда шуд.
Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки гардиши мол байни кишварҳо дар семоҳаи аввали соли 2016 беш аз 200 миллион долларро ташкил дод ва изҳори умед карда шуд, ки бо талошҳои якҷоя мумкин аст, ин нишондод то соли 2020 то ба 3 миллиард доллар расонда шавад.
Дарёфти роҳҳои маблағгузории сохтмону таҷдиди шоҳроҳи Душанбе — Кулоб — Хоруғ — Кулма – Қошғар, маблағгузории лоиҳаҳои нави бунёди хатҳои нави интиқоли барқ ва дигар тарҳҳои дорои аҳамияти минтақавӣ аз мавзуъҳои муҳими мулоқоти дуҷониба буд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои муборизаи муштарак бо таҳдиди хатарҳои замони муосир ва дарёфти роҳҳои ҳалли муноқишаҳои сиёсӣ дар кишварҳои ҷангзада баррасӣ карда шуд.
















Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳинро пас аз навсозӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе барои бунёди калонтарин Маҷмааи хизматрасонӣ санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони сохторҳои қудратӣ ва низомӣ мукофотҳои давлатӣ ва унвону рутбаҳои махсус супориданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Маркази хизматрасонии «Аҳмадҷон»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Имкон»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои СҲШ таҳти унвони «25 соли СҲШ: таҳкими субот, густариши ҳамкорӣ барои рушди ояндаи муштарак» иштирок намуданд






